БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Марди фақирҳол, соҳибэҳтиром, худоҷӯ, соҳиби хонаю дари обод ва фарзандони солеҳ. Эҳтиромашон ба гузашта зиёд, ҳавлиаш ба назар ӯ ҷои муқаддас менамояд, ба назари завҷааш ва фарзандонаш ҳам. Ҳоҷимаҳмуд, модари ӯ Моҳи Муллоро бо дуо, бо фотиҳа ёд мекунанд.
Русҳо дар пешона чашм надоштаанд, одамхур ҳам набудаанд. Гуфтаҳои беҳуда дар ҳаққи онҳо ғалат.
Камбағалпарвар буданд, ба мардум меҳрубон. Бою муллоҳо душманашон. Онҳоро меҷустанд, аҳли деҳаи Нилкон аксар муллою эшон, одамони аҳли савод, аҳли тақво. Баъзеи ин зумра одамон аз деҳа ба ҷойҳои ба хаёлашон орому осуда, бехавфтар кӯч мебастанд. Деҳаҳо ва маҳаллаҳои ӯзбекнишин барояшон аз ҷумлаи ҷойҳои бехавфтар ҳисоб мешуданд. Ба замми ин, қавми лақай, ки аксар дар ҳудуди ноҳияи ҳозираи Рӯдакӣ мезистанд, ба эшону муллоҳо эътиқод ва эҳтиром доштанд, аҳли дин, эшону муллоҳоро «пирам»
мегуфтанд, мепарастиданд, ба онҳо паноҳгоҳ медоданд.
Ҳамон сол беш аз даҳ оила аз деҳа кӯчида ба деҳаҳои лақайҳо рафтанд. Аксарашон ҳамроҳи қавми лақай монданд, дигар ба деҳаи Нилкон барнагаштанд.
Ду нафар шоирони ӯзбекзабон Зикруллохон ва Неъматҷон Иброҳим, ки дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» кор мекарданд ва китобҳояшон нашр шудаанд ва адиби ӯзбекзабон эшони Тавакалхон аз ҷумлаи фарзандони аҳли деҳаи Нилконанд, ҳамон солҳои ноором волидайнашон кӯчида ба деҳаҳои қавмҳои лақай рафта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё