БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Баъд баҳорон дар ҷое, ки хуни Ҳоҷимаҳмуд рехта буд, ҳар сол гиёҳе мерӯид, гиёҳи сурх, онро қиёқи сурх ҳам мегуфтанд. Гиёҳ аз хуни Ҳоҷимаҳмуд сурхӣ ёфта. Хуни шаҳид, мардум ин ҷойро зиёрат мекарданд. «Ҳоҷимаҳмуд марди назаркарда, дараҷадор», мегуфтанд.
Дар замони Ҳукумати Шӯравӣ, дар солҳои колхозӣ пастию баландӣ, решаҳои сари заминҳоро ҳамвор мекарданд, ҷои қатли Ҳоҷимаҳмуд, теппачаи зери тут ҳам бо мақсади васеъ шудани замини кишт, ҳамвор карда шуд. Гиёҳҳое, ки аз хуни Ҳоҷимаҳмуд ранг гирифта буданд, бо решаҳояшон аз рӯи замин сутурда гаштанд.
Солҳои охир ба сари ҳамин тути ягонаи миёни дашт ҳам чандин балоҳо омада. Дар солҳои нооромӣ, низоъҳои байниҳамдигарии тоҷикон он тирборон ҳам шуда. Оташи барқ ба бехи кундааш афтода, қариб то ними танаи тут сӯхтааст, вале ҳанӯз шохаҳои тут сабз, дар баҳорон он ғарқи барг мешавад.
Соли 1990-ум чанд қадам поёнтар аз ҳамин дарахти тут, ки онро тутак ҳам мегӯянд, барои нашриёти «Адиб» ҳини сарвари нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будам қариб як гектар замин гирифта будем. Хоҷагии ёрирасони аҳли нашриёт. Дар он картошка, помидор ё гандум мекоридем, боғи ангур ва себзорон бунёд гашт. Аммо баъде, ки колхоз дар ихтиёри силоҳдорон монд, бо фармони қумандони онҳо Бобои Раҳмон – Раҳмон Гитлер замини нашриёт ба аҳли деҳа тақсим карда шуд. Дар гирду атрофи замини тутак хона, боғу майдонҳо пайдо шуданд. Замини тутак, ки як вақте дар баҳорон, дар зери он фарзанди боору номус, далеру тавонои деҳа Ҳоҷимаҳмуд кушта шуда буд, ба деҳа ҳамроҳ гашт. Бобои Раҳмон – Раҳмон Гитлер замини тутакро барои бунёди масҷид ҷудо намуд. Аз рӯи гуфтааш ин дарахти ҷабрдида – тутак миёни саҳни масҷид бояд мемонд, намозгузорон дар ҳаққи Ҳоҷимаҳмуди шаҳид дуою фотиҳа мехонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё