Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҷасади Ҳоҷимаҳмудро аз миёни ҳамин гуна алафзорон меҷустанд, ваҷаб ба ваҷаб пеш мерафтанд аз миёни алафҳо, қатор шуда то лаби сангоби Меҳтарӣ рафта меомаданд. Нишоне аз Ҳоҷимаҳмуд пайдо намешуд, ӯро қотилон дар ин ҷойҳо накушта гӯё ҳамроҳ бо худашон бурда буданд. Не, ин андешаҳо ғалат. Саллаю ҷомаашро дар тани Носирхитой дида буданд-ку.
Рӯзи баҳор бегоҳ шуда аз масҷид овози азони намози аср баланд гашт. Мардум хастаю ноумед шуда намозхонӣ ба деҳа бармегаштанд.
Баъди намози шом ба деҳа хабар омад, ки ҷасади Ҳоҷимаҳмудро ёфтаанд. Подабони деҳа бобои Комил пайдо намуда. Қотилон вайро ба ҷои дур набурда будаанд. Андаке дуртар аз деҳа, дар болои кутал, миёни замин дар таги дарахти тут паронда будаанд. Тути ягона дар миёни замин, кӣ ва кай онро шинонда? Кӣ заҳмат кашида, об дода, онро сабзонда? Касе ёд надошта. Аз рӯи тахминҳо агар Ҳоҷимаҳмудро охири баҳори соли 1925-ум дар зери ин тут кушта бошанд, аз он рӯзҳо беш аз 80 сол мегузарад. Дар давоми ин ҳаштод сол ва пеш аз он чи рӯзҳое ба сари ин тути ягонаи миёни дашт наомада.
Баҳору тобистон, зимистонҳои қаҳратун, фаслҳои беҳисоби солро аз сар гузаронда. Парандаҳо дар шохаҳои он лона гузошта, ҷои осудан ёфта. Гунҷишкаконе, ки аз ҷойҳои дур рӯ ба деҳа парвоз мекарданд, албатта сари шохаҳои тут нишаста, осуда, дам гирифта, чирикчириккунон дар ҳаққи касе, ки ин тутро шинонда дуои нек карда. Инсонҳо дар зери ин дарахти ягонаи миёни дашт чи амалҳо ба ҷо наоварда. Кош, он ба забон меомаду аз кирдори онҳо ҳикоят мегуфт, аз ҷумла, аз рӯзи бороние, ки Ҳоҷимаҳмудро дар зери он куштанд.
Хуни гарми ӯ рӯи алафҳо, бехи решаҳои тут ҷорӣ гашта.

пешина
аз 182
навбатӣ