БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ба хонаи Ҳоҷимаҳмуд даромадан барояшон душвор менамуд. Он ҷо ҳама нолон, ҳама дар ғами ҷони Ҳоҷимаҳмуд. Ба аҳли хонавода, ба модари Ҳоҷимаҳмуд – Моҳи Мулло чӣ ҷавоб мегӯянд?
Бо сари хам, бо дидагони ашкбор беихтиёр ба ҷониби хонаи Ҳоҷимаҳмуд қадам монданд. Аз дарвоза дохили ҳавлӣ шуданд, ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд мотамкада.
Хонаҳо, пешайвонҳо пур-пури одам. Гӯё кулли занҳои деҳа ба ин ҷо баҳри аҳволпурсӣ омада буданд, хидматгорон дар рӯи ҳавлӣ зери борон қадам мезаданд.
– Бачам канӣ, эшони домулло? Ҳоҷимаҳмудама, бачама куҷо бурданд? Ҳамроҳ будед, канӣ Ҳоҷӣ? – Моҳи Мулло рӯймоли калони сиёҳ ба сар партофта гӯё аллакай дар ғами ҷигарбандашон менолиданд, «баламой»
мегуфтанд ва гашта баргашта аз эшони домулло Мирзо мепурсиданд, «бачама куҷо бурданд, эшони домулло, ҳамроҳ будетон-ку, гап занед».
Аммо эшони домулло Мирзо назди модар хомӯш буданд, сухане намеёфтанд, ки ба он кас бигӯянд, таскину тасаллиашон бидиҳанд. Васияту ҳасрати Ҳоҷимаҳмуд дар хаёл сӯи ахтахона назар андохтанд. Аз афташ он ҷо тиллою тангаҳои Ҳоҷимаҳмуд, «аз таги ахтахона бохабар шавед» гуфтани ӯ ба ҳамин маънӣ будагист. Ҳавлӣ пури одам, назди одамони беҳисоб, дар рӯзи равшан белу каланд гирифта замин кананд, мардум мебинанд.
Шаб мекананд, шаби торик, касе набинад, ҳа, ҳамин тавр мекунанд, ҳоло ғами ҷони Ҳоҷимаҳмудро бояд хӯранд, «Ҳоҷимаҳмуд» гӯянд.
Ҳанӯз мардум, аҳли деҳа аз ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд берун нашуда, ҳанӯз эшони домулло Мирзо ба модари Ҳоҷимаҳмуд чи гуфтану чи сухан ба забон оварданашонро намедонистанд, пеши назарашон фоҷиа, фоҷиаи ба сари писархолаашон омада дар ҷилва буд, ки боз садои суми аспҳо, садои ҳаёҳӯи савораҳо ба гӯш меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё