БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Агар аз роҳатон нагардед, Худо занад, шуморо ҳам мекушам, – қасам ёд намуд ва боз аз сари ҷаҳлаш гашта биафзуд: – Беҳтараш аз роҳатон гардед, равед. – Носирхитой камонро аз китфаш гирифт, ҳамаи савораҳо аспҳояшонро нигоҳ доштанд. Ҳоҷимаҳмуд ҳам ба по шуда буд, рост меистод. – Эшони домулло, ба шумо гап дорам, – гуфт ва эшони домулло Мирзо наздики ӯ шуданд. – Ҳар гуноҳе карда бошам, маро бахшед, салом гӯед ба ҳама, ба модарам, – оҳиста ба гӯши писархолааш боз пичиррос зад. – Аз таги ахтахона бохабар шаветон, ризқи фарзандонам, аҳли аёлам, васиятам ҳамин, равед, аз марги шумо чӣ суд? Аз якҷоя мурданамон нафъе намешавад, равед, равед... – суханони охири Ҳоҷимаҳмуд дар гӯши эшони домулло Мирзо садо медоданд, фармоишашро бояд ба ҷо меоварданд.
Ноилоҷ буданд. Носирхитой ба гапу ҳарфи эшони домулло Мирзо ва Ҳоҷимаҳмуд гӯш медод, таъкиди Ҳоҷимаҳмуд дар гӯшаш монда, ки мегуфт: «аз таги ахтахона бохабар шавед».
Эшони домулло Мирзо бо дидаи ашкбор, дилу ҷигари бирён ақиб, рӯ ба ҷониби деҳа оварданд. Савораҳо Ҳоҷимаҳмудро аз сари кутал рӯ ба нишеб мебурданд.
Ҳаво тираю тор, рӯзи равшан гӯё шаб шуда, борон меборид, гӯё ба ҳоли Ҳоҷимаҳмуд табиат мегирист, замину замон торикистон мегашт, садои тундар, чироғак, олам, осмон дар ларза, рӯзи марги Ҳоҷимаҳмуд буда он рӯз, рӯзи тираю тори баҳори соли 1925.
Эшони домулло Мирзо аз кӯчаҳои деҳа гузашта ба хонаи Ҳоҷимаҳмуд мешитофтанд. Назди масҷид расида дудила шуданд. Ба масҷид дароянд ё ба кулбаи худашон баргарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё