БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

– Омаданд! – Касе аз дарвоза даромада хабар расонд.
– Омаданд?!
– Эшони домулло, паноҳ шавед, ба ҳавлии ҳамсоя гузаред тез, зуд, – боз таъкид мешуниданд. Вале эшони домулло Мирзо аз ҷои исташон намеҷунбиданд, баъди аз сар рафтани Ҳоҷимаҳмуд барояшон ҳаёт, зиндагӣ дигар гӯё маънӣ надошт.
– Эшони домулло, панаҳ шавед, – модари Ҳоҷимаҳмуд талаб доштанд аз он кас.
– Панаҳ шавам? Боз чӣ кор кунам? – Эшони домулло Мирзо заҳрханда доштанд.
Ҳар ду табақаи дарвоза шараққосзанон боз гашт. Савораҳо мисли сел-сели пурдаҳшат аз дарвоза ба даруни ҳавлӣ шориданд, ҳама човандоз, бузакиҳо барин, ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд гӯё пайкаҷо. Ҳама ҳайёҳӯй доштанд. Пеш-пешашон боз ҳамон марди хунхор. Чашмони чун пилишки сӯзан танг-тангаш суп-сурх, пурхун, ҳозирон ба либосҳои вай назар дӯхта, ба тааҷҷуб афтода. Дар сари ӯ саллаи пешоварии хуб, моҳирона бастаи Ҳоҷимаҳмуд, дар танаш ҳамон ҷомаи шоҳии абри тахта-тахта сурху сафеди вай. Либосҳои Ҳоҷимаҳмудро дар тани Носирхитойи хунхор дида дили эшони домулло Мирзо ба замин зад. «Ҳайфи Ҳоҷимаҳмуд, сад ҳайф», пичиррос заданд беихтиёр.
Маълум, хунмастон, аллакай хуни ин марди ҷасурро рехта, вайро даррандавор ба қатл расонида, ба мақсади нопокашон ноил гашта боз ба рӯи дӯкони ӯ, назди аҳли айёл, назди модари зораш баргашта буданд.
Носирхитой аз асп пиёда шуда, банди дастаи қамчинро ба банди дасташ андохта бо нӯки қамчин ба соқи мӯзааш топ-топ зада ҷониби модари Ҳоҷимаҳмуд, ки бо дидагони ашкбор аз қотили фарзандаш дида намеканд, қадам мемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё