БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Чашмони ҳозирон ба мудир дӯхта шуда буд. Рӯймоли туҳфаҳои барои Хадича харидаи Дилшод дар дасти ӯ буд. «Чӣ, худи мудири мактаб «савғо»-ро ба хонаи Саида-хола мебарад?» Онҳо саҳв накарда буданд. Мудир ҳамроҳи Дилшод ба хонаи Саида-хола мерафт.
МАРГИ ДУШВОР
Гоҳе вай ба хабаргирии як хешашон ба деҳаи онҳо
меомад, чанд рӯз меҳмон мешуд. Мудири мактаб – Ризои Раҳмонро ҳам дар ин рӯзҳо ба наздаш мехонданд.
Суҳбаташон метафсид. Муаллими куҳансол Содиқи
Ҷаъфар аз солҳои мудири маориф ва мудири мактаб
буданаш ҳикояҳо мегуфт, таҷрибаи афзун доштааст дар
роҳбарӣ ӯ. Дар айни замон муаллими забон ва адабиёти
тоҷик будааст, бообрӯ, чанд китобе аз тариқи дарсдиҳӣ
таълиф карда. Мактабашон аз туфайли вай овозадор,
машҳур.
Муаллими забону адабиёти мактаби онҳо чӣ? Камсавод, ҷумлаи бехато наменависад. Хонандагон, падару
модарон аз ӯ домангир... Дирӯз дар маҷлиси муаллимони ноҳия мактаби Ризои Раҳмонро танқид карданд.
Чанд иншою диктантҳои хонандагони онҳоро хонда
хандиданд. Ҳамаи заҳматҳое, ки Ризои Раҳмон барои
беҳбуди кори таълиму тарбия мекашад, аз пагоҳӣ то
шаб аз дари мактаб сар берун намекард, як пул. Гӯё косаи оби лой болои ҳавзи мусаффо пошида мешавад,
оби ҳавз лойолуд мегардад. Дар мактаби Ризои Раҳмон
муаллимони фанҳои дигар, албатта, босаводанд. Аз
дарсҳои ҳисоб, физика, таърих, ҷуғрофия дониши шогирдон хуб. Агар ҳамин Содиқи Ҷаъфар барин муаллими забону адабиёт дар мактаби онҳо дарс мегуфт,
таърифӣ мешуданд. «Мактаби кӣ зӯр?» «Мактаби Ризои Раҳмон», бо ӯ баробар намешуданд.
Ба Содиқи Ҷаъфар меҳрубонтар гашт Ризои Раҳмон.
Вайро агар чанд рӯзе намедид, аз хешовандони ӯ мепурсид:
– Мӯйсафед, камнамо, сиҳату саломат бошанд?
Як рӯз Ризои Раҳмон пеши муаллим арзи дил гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё