Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Бачаҳо, ба пушти танаи дарахтон гузаред. Зуд, зуд бошед, ба паси дарахтон!!
Нидои мураббия акси садо дод. Бачаҳо аз сангреза гурехта, саросема паси кундаи чинор ва чормағзҳои калон панаҳ мешуданд. Дилшоду Манижа ҳам тарафи дарахте давиданд. Аммо Хадича наменамуд. Акаю хоҳар ӯро диданд. Вай гӯё аз ҳодиса огоҳ набуд, ки дар поёни дара лаби ҷӯй нишаста буд. Моҳичаҳо, сангрезаҳои пурҷилои қаъри оби зулол хаёли вайро рабуда буданд.
– Хадича! Хадича!! Гурез, гуре-е-е-з!!!
Сангҳои бисёре рост ба тарафи Хадича меғелиданд.
Манижа додгӯён сӯи ӯ давид. Назди Хадича расида, аз дасташ кашид. Вале худро аз фалокат раҳонида натавонист. Сангҳо ба сараш рехтанд. Дунё ба назари Дилшод тира гашт, ҳеҷ ҷойро намедид. Вай аз ҷону ҷигар – аз хоҳаракаш ҷудо шуд. Онҳо акнун ду нафар буданд – Дилшоду Хадича. Хадича аз Дилшод ҷудо намешуд.
Онҳо акаю хоҳар гашта буданд.
Дилшод оҳиста-оҳиста сар боло карда, аз тиреза ба саҳни сермағали мактаб назар андохт ва пас ҳикояашро давом дод:
– Ман муаллим шудам, маоши аввал ҳам гирифтам.
Орзу доштам онро барои хоҳарам сарф кунам. Инро ба худи ӯ ҳам мегуфтам. Аммо насиб набудааст. Ба хотири Манижа маоши авваламро ба дугонаи ӯ сарф карданӣ шудам, аммо.. Ба ҳама асли гапро фаҳмондан душвор.
Рӯймоли савғо назди тиреза меистод. Мудири мактаб аз паҳлӯи Дилшод бархосту онро ба даст гирифт.
– Дилшодҷон, ҳамроҳи ман биё, – гуфт ӯ ва аз остонаи дар ба берун қадам монд.
Дилшод аз паси мудир мерафт. Онҳо аз пеши муаллимоне, ки барои муҳокимаи Дилшод ҷамъ шуда буданд, гузаштанд.

пешина
аз 182
навбатӣ