Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо ба монанди Дилшоду хоҳараки ӯ бепарасторон бисёр будаанд. Хадича ҳам бепадару модар будааст. Дилшоду хоҳараш бо ӯ шинос шудаанд, бо ҳам одат кардаанд. Хадича аз хоҳараки Дилшод Манижа як дам ҷудо намегашта.
Саҳни хонаи бачагон озодаю васеъ буд, дарахтзор.
Бачаҳо даводаву бозӣ мекарданд. Дар ҳамин мавридҳо ҳам Хадичаю Дилшод ва Манижа бо ҳам мегаштанд.
Ба Хонаи бачагон як мураббияи нав омад. Вай Хадичаю Дилшод ва Манижаро ҳамеша бо ҳам дида боре пурсид:
– Дилшодҷон, Хадича ҳам хоҳари туст?
– Не, – ҷавоб дод Дилшод, вале пушаймон шуд.
Охир аз ин ҷавоби ӯ Хадича хеле маҳзун гашт, чашмони ангури сиёҳ барини вай пурашк шуданд.
– Ҳа мегуфтӣ намешуд, – хоҳараш ӯро сарзаниш кард.
Аввалҳои тобистон буд. Онҳоро барои истироҳат ба як лагери пионерии дараи Варзоб бурданд. Рӯзе ба сайри дара баромаданд. Онҳо то чоштгоҳ роҳ паймуда, ба дарунтари дара даромаданд. Чаҳ-чаҳи булбулон, хониши парандагон ба гӯш мерасид. Дар баландиҳо ҳанӯз барф менамуд. Аз оғӯши сангҳои барфолуд шамоли салқин меомад. Офтоб аз назар пинҳон шуд. Сангҳои куҳ ба назар хонамонанд, калон-калон. Бачаҳо борхалтаҳои сафарӣ дар пушт, пеш мерафтанд. Ҷавонзани чеҳрахандоне, ки пеш-пеши ҳама мерафту мӯйҳои тиллорангашро шамол боҳавсалаи тамом бозӣ медоронд, мураббия буд. Ногоҳ аз кадом як тарафи қуҳ чанд сангпора ғелид. Санг ба санг бармехӯрд. Сангрезаҳо бисёр шуда, ба қаъри дара мефуромаданд. Мураббия болои санге баромаду фарёд зад:

пешина
аз 182
навбатӣ