БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Мудири мактаб сӯи хобгоҳи муаллимон равон шуд.
Фикру хаёли ӯ ба муаллими нав. Аз туфайли вай мактаб ноором, деҳа пури гап шуда. Баъзе муаллимон талаб доранд, ки муаллими навро ҷавоб диҳанд. Дуруст мегӯянд. Имрӯз – фардо шавҳари Хадича аз хидмат ояд, гап калонтар мешавад. Мудир банди ҳамин хаёлҳо аз назди кулбаи Шокиров мегузашт, ки садои ғамангези мусиқӣ ба гӯшаш расид. Касе танбӯр менавохт. Ӯ аз роҳ бозистод. Садои танбӯр лаҳза ба лаҳза баландтар шуда, аз хоначаи хурдакаки Шокиров то ба дуродур мерафт, дили кас маҳзун мегашт. Мудир мафтуни навои танбӯр ба хонаи Шокиров даромаданашро нафаҳмида монд. Шокиров ба торҳои танбӯр нохун мезаду аз сурате, ки рӯ ба рӯяш болои миз буд, чашм намеканд. Дидагонаш пуроб мешуданд, нолаи танбӯр аламовартар мегашт. Шокиров дарди дилашро ба торҳои танбӯр холӣ карда, оҳи бадарде кашиду танбӯр дар даст аз ҷояш бархост ва мудири мактабро дид. Ӯ бо Шокиров вохӯрда, назараш ба сурат буд. Аз он ду духтараки хурдадаки фатиламӯй ба тарафаш нигоҳ мекарданд.
– Шинохтед? – Шокиров бо яки он духтарҳо ишора кард. Ӯ ба назари мудир шинос намуд. Вале ба хотир оварда натавониста, китф дарҳам кашид.
– Ин сурати Хадича аст, – фаҳмонд Шокиров.
– Хадича?
– Бале, инаш хоҳари ман. – Шокиров духтараки дуюмро нишон дода дигар сухане гуфта натавонист.
Дилшоду хоҳаракаш Манижа падарашонро дар хотир надоштаанд. Ӯ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шуда будааст, модараш бемор буд, баъд аз олам гузашааст. Онҳо акаю хоҳар бесаробон мондаанд. Баъд онҳоро ба Хонаи бачагони шаҳри Душанбе овардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё