Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Муаллимон дар ҳайрат монда буданд.
– Чӣ гап, модар? – пурсид мудир.
– Ҳозир, бачам, ҳозир ҳамаашро мегӯям. Агар арзамро нашунавӣ, ба ман ёрӣ нарасонӣ, худамро ана дар ҳамин ҷо, дар пеши назарат мекушам… – Пиразан гапашро гум кард.
– Ширинмоҳ, куҷоӣ, Ширинмоҳ? – овози Саидахола меларзид.
Ширинмоҳ аз қатори ҳамсинфонаш баромада, ба пеши пиразан омад.
– Гӯй, бачам, ин савғоҳоро кӣ ба келини ман фиристод? -Пурсид пиразан аз ӯ.
– Муаллим, – гуфт ӯ.
– Кадом муаллим? – пурсид мудири мактаб аз Ширинмоҳ.
– Муаллим Шокиров.
– Ман ба назди ана ҳамун Шокируфатон омадам, канӣ, вай? Афташро ба ман нишон диҳед. – Пиразан давом намуд: – Келини ман як бор ба шавҳар баромадагӣ. Ӯ ба вай кӣ мешавад, ки савғо фиристодааст? Додар, ё ягон хеши дур? Худи ҳозир ба келини ман кӣ шуданашро гӯяд…, – нафас дар гулӯи пиразан печид.
Акнун нигоҳи ҳама ба ҷониби Шокиров шуда буд.
Муаллимон байни худ пичир-пичир гап мезаданд:
– Хадича катӣ вай хело боз шинос, дар Душанбе ҳам онҳоро бо ҳам дида будам, – гуфт як муаллим.
– Ба шаъни муаллим иснод, айб.
Занг зада шуд, хонандагон ва муаллимон ба дарс даромаданд. Дар саҳни мактаб Шокиров танҳо монд. Ӯ мехост, ки ба модаршӯи Хадича ҳамаи гапро фаҳмонад.
Аммо ӯ ба касе гӯш надода бо қаҳру ғазаб аз мактаб рафта буд.

пешина
аз 182
навбатӣ