Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

шуда монд. Наход Хадича ба писари вай хиёнат кунад?
Номи муаллим чӣ буд? Шокируф? Саида-хола ӯро ба ин ҳолаш намегузорад. Худи пагоҳ ба мактаб даромада арз мекунад, ба район меравад… Вай, модари Баҳодур, зинда аст.


Пагоҳӣ муаллимон ва хонандагон дар саҳни мактаб ҷамъ омада буданд. Мудири мактаб бо онҳо сӯҳбат дошт, Саида-хола ба мактаб даромада омад. Туҳфаи дирӯз ба келини ӯ фиристодаи Шокиров дар тори сари пиразан буд. Ӯ асозанон ба хонандагону муаллимон наздик мешуд. Нигоҳи тааҷҷубомези ҳама ба ҷониби вай. Хонандагон пиқ-пиқ механдиданд. Мудири мактаб низ аз гап задан бозистод.
Авзои Шокиров, ки паҳлӯи муаллимон меистод, беҷо шуд. Ин кампир кист? Чаро либосҳои дирӯз ба Хадича фиристодаи ӯ дар дасти вай аст? Ё Хадича онҳоро пас гардондааст? Хуб нашуд. Акнун аҷаб не, вайро дигар хел фаҳманд, беобрӯ шуданаш ҳам мумкин. Аз ваҷоҳати пиразан маълум. Ба Хадича кӣ мешуда бошад? Шокиров дар ҷояш истода наметавонист.
Панҷаҳояшро ба ҳам фишурда, лаб ба зери дандон мениҳод.
Пиразан наздик меомад. Мӯйҳои ба докаи сафеди сараш ҳамранги ӯ болои чашму абрувон ва рӯи пурожангаш хамида буданд. Пиразан аз ғазаб меларзид.
Ӯ дар рӯ ба рӯи аҳли маҷлис истод. Бастаи тори сарашро ба замин ниҳод ва гиреҳҳояшро ба ангуштони ларзонаш саросема кушод ва чизҳои даруни онро ба замин пошид.
– Истед, модар, шумо чӣ мекунед? –мудири мактаб аз як лаби остини Саида-хола дошта, ӯро аз назди ҳозирон ба канортар кашид.

пешина
аз 182
навбатӣ