БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

– Кай меомадааст?
– Намедонам.
– Хайр, агар биёяд, ба вай гӯй, ки як назди ман ба
мактаб биояд, ман интизор мешавам.
– Хуб шудааст.
Саида-хола дарвозаро кушод. Ширинмоҳу муаллим
хело дур рафта буданд. Ӯ дарвозаро пӯшид.
– Ин гапи куҷо-а? Кадом як муаллим ба келини ман
савғо овардааст? – пиразан болои рӯймоли савғо хам
шуд. Гиреҳҳо кушода намешуданд, ангуштони бемадоршудаи Саида-хола аз ҳаяҷону изтироб меларзиданд.
Ӯ боазоб рӯймолро кушод. Камзӯлчаи махмал, оина,
китоб, боз ким-чиҳои дигар… Ҳамаи ин савғо аз як
марди бегона ба келини ӯ. Боз камзӯли махмал ҳам?!
Келинаш ҳазл набудааст-ку. Гапи Дорғабегим дар
ҳаққи вай рост барин. «Саидаҷон, аз келинат эҳтитёт
шав, хандаҳояш ноҷо», – гуфта буд ӯ. Дар ҳақиқат, аз
рӯзҳои ба хидмат рафтани писари Саида-хола авзои келинаш беҷо. Ҳар рӯз чанд куртаи атлас мепӯшад, ба
қошҳояш ӯсма мекашад. Пиразан ҳанӯз сар аз болои
савғо набардошта буд, ки овози Дорғабегим баромад.
– Биёед, ҳамсоя, – Саида-хола бо азоб рост шуд.
– Омадам, Саидаҷон. Инҳо чӣ? – бо нӯги асо ба
рӯймоли савғо ишора кард.
Садида-хола сир пинҳон доштанӣ буд.
– Инҳо… – дигар чӣ гуфтанашро надонист ӯ.
– Инҳо, Саидаҷон, савғо ба келинат, аз як муаллими
ҷавон, – гуфт Дорғабегим.
– Шумо аз куҷо донистед, дугона?
– Аҳли деҳа ҳама аллакай медонанд. Ба ман Ширинмоҳ гуфт, муборак шавад.
Аз суханҳои Дорғабегим Саида-хола моту мабҳут

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё