БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

МАОШИ АВВАЛ
Қариб як ҳафта буд, ки Саида-хола дар ҳавлӣ танҳо мезист. Писараш дар хидмати аскарӣ, келинаш ба аёдати хешовандон рафта буд. Дирӯз бояд бармегашт, аммо аз вай ҳанӯз ҳам дарак набуд. «Кошкӣ, соҳибони хона тезтар меомаданд, тобу тоқати хонабонӣ надорам», – мегуфт худ ба худ Саида-хола.
– Ассалом, бибӣ, – духтари ҳамсоя – Ширинмоҳ як рӯймоли пур аз туҳфаҳо дар даст ба ҳавлӣ даромад. Саида-хола дар пешайвон болои кӯрпача нишаста пилла ғоз мекард. – Янгаам аз Варзоб омаданд? – пурсид Ширинмоҳ.
– Не, бачам, ба янгаат чӣ кор доштӣ, дар вай рӯймолат чӣ дорӣ? – Пиразан аз паси айнак бодиққат ба Ширинмоҳ нигарист.
– Савғо овардам.
– Аз кӣ?
– Аз акаашон.
– Бачам, ту гапҳои беҳуда нагӯй, келини ман ака надорад, вай як сағираи бекас.
– Намедонам, бибӣ, ана вай муаллими нави мо Шокиров гуфтанд, ки Хадича ба он кас хоҳар мешавад, худашон ҳам ана дар ҳамин ҷо, дар пушти дар. Гуфтанд, ки Хадичаро гӯям наздашон барояд, – Ширинмоҳ бастаи туҳфаҳоро гузошта аз ҳавлӣ берун шуд.
– Ширинмоҳ, Ширинмоҳ, ист, духтарам, ту чӣ гуфтӣ, дурусттар гап зан, – пиразан рӯймолчаи пиллаҳояшро як сӯ гузошта аз ҷой хест. Аз пушти дарвоза овози Ширинмоҳ ба гӯшаш расид:
– Муаллим, Хадича набудааст.
– Дар хонаашон кӣ?
– Хушдоманаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё