Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Мегӯед, ки ба ҳамин деҳаи шумо кӯчида биёям?
– Ҳа, аз колхоз хона гирифта медиҳам.
Ризои Раҳмон аз таги пӯсти муаллими куҳансол даромад, худашро хурду ӯро розӣ кунонд. Содиқи Ҷаъфарро аз ноҳия кӯчонда ба деҳа овард, дар мактаб муаллим кунонд, устухонбандиҳояш ба ҷо омад. Хурсанд,
ки мактаби ӯ соҳиби муаллими зӯр. Аз хурду калони
деҳ, муаллимону хонандагон талаб кард, ки иззату
эҳтироми муаллим Содиқи Ҷаъфарро ба ҷо биёранд,
муаллими муаллимон эълон кард ӯро. Ҳар боре дар
мактаб маҷлису маъракае мегузаронд, аз Содиқи
Ҷаъфар сухан ба миён меовард. Васфи ӯ шеър мехонд,
таъриф карда, баъд ба сари масъалаи ҷаласа меомад.
Дар ин лаҳзаҳо муаллим хомӯш, пешона месуду ба
ҳозирон, ҳамнишинон дида медӯхт. Гӯё он лаҳзаҳо
айёми шиносоии ӯ бо ҳамкорон буд. Зӯр зада аз миёни
онҳо биринҷро аз кӯрмак, тиллоро аз мис ҷудо карданӣ
мешуд. Оҳиста-оҳиста муаллими куҳансол ба гап даромад, давраи шиносоӣ бо муаллимони мактаб гӯё барояш гузашта.
Бо Ризои Раҳмон нишаста буд. Дари ҳуҷраро мӯйсафеде кушод, нуронӣ, дар сараш салла, пеши бараш пур
аз ордену медал, иштирокчии ҷанг, Ҷанги дуюми
ҷаҳон. Бо ҳоҷате пеши Ризои Раҳмон омада будааст.
– Ангур чиндум, бачам, аз боғ хона биёрум мегум,
наметонум, се-чор бача лозим, – гуфт ба Ризои Раҳмон.
Ӯ сокит буд. Ба чи гуфтану нагуфтани мӯйсафед эътибор надод. Гӯшаки телефонро бардошт, миёни ангуштон бозӣ медоронд онро. Мӯйсафед, рӯ ба мудири мактаб истод. Ӯ ҳамоно ҷавоб намешунид.
– Чӣ гуфтӣ, бобои Бӯрӣ? – гӯё ягон ҳарфи ӯ ба гӯши
Ризои Раҳмон надаромада буд, ки аз мӯйсафед суол
кард.

пешина
аз 182
навбатӣ