Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ОФТОБА БА ҶОИ ДОС

Афандиро ҳамсараш пайваста озор медод, вале аз тарси бародарони ҳамсараш, ки дар бадхўӣ ном бароварда буданд, ба ҳамсари худ чизе гуфта наметавонист.
Бечора рўзе бо аҳволи табоҳ аз шабкорӣ бармегардад ва аз завҷааш хоҳиш мекунад, ки барояш зуд субҳона омода намояд, то ки баъди ношто зуд бихобад ва кўфтагии худро барорад. Завҷааш мегўяд:
-Ту заҳрро хўр. Говамон гурусна. Ду рўз боз як қабза алаф намеёбам, ки ба пешаш партоям. Зуд рафта алаф даравида биёр, пас аз он заҳру марг ягон чиз мехўрӣ.
Афандии хоболуд, ки офтоба дар даст мехост дастурўи худро шўяд, ба ҷои дос офтобаи дасташро дар хурҷин ҷой намуда роҳи саҳроро пеш мегирад.
Чун ба саҳро мерасад ва пай мебарад, ки ба ҷои дос офтобаро бо худ овардааст, маҷбур мешавад, ки як хар алафро бо дастонаш ғун намояд ва бо дасти холӣ барнагардад.

ОРЗУ

Шоирталъате, ки чеҳраи турш дошт, дафтари шеърҳои навашро ба назди Равшан меорад. Шоир дар ҳар сат як, ё ду маротиба ба калимаи «меҳр» дучор меояд. Равшан бе истиҳола ба мухотаби худ мегўяд:
-Ман акнун дарк намудам, ки инсон умре чизи дар бисоташ набударо орзу мекардааст.

ХОСТГОРИИ РАВШАН

Зани яке аз ҳамсояҳои Равшан ногаҳон аз олам мегузарад. Аз марги ҳамсоязан чанд муддат мегузарад. Рўзе ҳамсоя гилаомез мегўяд:

  • Ҳамсояҷон, ман дар баробари ҳамсоягӣ Шуморо бародари хеш меҳисобам. Як бор аз ҳоли ман намепурсед. Фалон ҳамкоратон бева будааст, дили вай ҳам шавҳар мехостагист, як хостгорӣ кунед. Шояд қабул кунаду Шумо соҳиби савоб гардеду ман соҳиби зан.
    Равшан хасисӣ ва инҷиқии ҳамсояро медонист, аз ин рў ба ҳамкораш чизе нагуфт.
    Чун рўзи дигар ба ҳамсоя дучор омад хабар расонд, ки корҳо сад фоиз ҳаллу фасл шудаанд ва ҳамкораш ба издивоҷ розист.
    Аз ин вохўрӣ соате мегузарад ва шоир занг зада бо овози занона ҳамсояро ба мулоқот даъват мекунад.
    Равшан аз гўшае истода чун моргазида ба чор тараф қадам задани ҳамсояи шилқинашро дида хеле завқ мебарад.

СОБИҚАИ ШОИРИАМ НАМЕРАСАД

Туробӣ баъдӣ интишор намудани китоби даҳумаш бо дастовез ба назди Равшан меояд ва хоҳиш мекунад, ки барои ба аъзогӣ дохил гардидан ба ў тавсиянома диҳад.
Чун шеърҳои Туробӣ аз вазну қофия орӣ буданду дар онҳо шеърият мавҷуд набуд, шоир гуфт:
-Ман ба ту тавсия дода наметавонам, бояд, ки дастовезатро гирифта ба назди ягон шоири чун худат тавоно равӣ. Собиқаи шоирии ман ба тавсия додан камӣ мекунад.
Туробӣ дар ғазаб шуда мегўяд:
-Баро чӣ?
Равшан оҳиста посух медиҳад:

пешина
аз 103
навбатӣ