Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

-То имрўз ман ҳамагӣ панҷ китобчаи тунук-тунук дорам, вале ту бошӣ соҳиби даҳ китоби ғафсӣ.

ХУДРО ОВЕХТАНӢ НЕСТАМ

Дар бозори Панҷакент бо Иброҳими Наққош аз назди дукони ресмонфурўшӣ мегузаштам. Ресмонфурўш моро ба харидани ресмон даъват намуд ва ресмони худро хеле таъриф кард. Гуфтам:

  • Ҳоло ман худро оехтанӣ не.
    Ў ба сўи мо ба ғазаб нигаристу дигаронро даъват намудан гирифт.

МАН ҲАМ ЎЗБЕКАМ

Дар Ўзбекистон барои даромадан ба ҷойҳои таърихӣ аз шаҳрвандони Ўзбекистон ду сомонӣ мегиранду аз хориҷиён даҳ сомонӣ. Дар Бухоро мехостем, ки зиндонро тамошо кунем. Дарбон аз ҳамсафаронам Наққош ва Муҳаммад ду сомонигӣ гирифт, вале маро боздошта гуфт:

  • Ту аз Тоҷикистонӣ. Бояд даҳ сомонӣ супорӣ.
    Ман ба забони тоҷикӣ гуфтам:
  • Агар онҳо ўзбек бошанд, ман ҳам ўзбекам.
    Дарбон хандиду аз ман пул нагирифт.

«ШЕФ» ЧӢ ФАРМУД?

Хушомадгўе дар ҳар кор ба сардори идора тақлид мекард. Рўзе ҳамкорон бо сардор якҷоя ба ошхона даромаданд.
Хушомадгўй аз ҳамкорон пурсид:
-Сардор чӣ хўрок фармуд?
Ҳамкорон гуфтанд:

  • Лағмон.
    Ў низ лағмон фармуд. Чун пешхизмат барои сардор кабоб оварду барои ў лағмон, рангурўи хушомадгў парид. Баъди ин ба ў лақаби «Лағмон» илова гардид.

ШУМО И. ЗАРИФӢ-МӢ?

Дар утоқи кории шоири шинохта Аъзами Хуҷаста бо шоир саргарми сўҳбат будам. Телефони дастиам занг зад ва садои занонае баромад. Пурсид:

  • Шумо И. Зарифӣ-мӣ?
    Гуфтам:
    -Бале.
    Гуфт:
  • Мо як гурўҳ муаллимони забон ва адабиёти тоҷик сари масъалае баҳс дорем.
    Ман мегўям, ки романи «К. Хуҷандӣ»-ро С. Айнӣ навиштагӣ, вале ҳамсўҳбатонам «ду пойро ба як мўза тиққонда» сухани маро рад карда истодаанд, ки не, ин романро Ҷ.Икромӣ навиштагӣ.
    Ман ҷавоб додам:
  • Мўҳтарама, муаллима! На С. Айнӣ дар бораи Шайх Камол роман навиштаасту на Ҷ. Икромӣ. Дар бораи рўзгори Шайх Камол Р. Ҷалил драмаи «Дили шоир»- ро эҷод намудаасту А. Сидқӣ романи «Пайроҳаи қисмат»-ро.
    Чун муаллима ҷавоби маро шунид, зуд гўширо хомўш намуд.

МАРО ДУЪО КУНЕД, КИ БАРНАХЕЗАМ

пешина
аз 103
навбатӣ