Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рўзе ҳамроҳи писараш ба ҷое сафар мекард. Дар роҳ мастеро диданд, ки бо ҳоли табоҳе дар даруни ҷўйбор мехобид.
Афандӣ ба писараш гуфт:

  • Модарат доим маро сарзаниш мекунад, ки арақ менўшаму ва пайваста маст ҳастам. Рафта ўро биёр то мастро бо чашми худ бинаду дигар маро сарзаниш накунад.

ХАТБАРИИ АФАНДӢ

Хоҳари Афандиро номзад менамоянд. Чун домодшаванда ҳамроҳи ў подабонӣ мекард, Афандӣ зуд сабукии кори худро ҷўё шуд. Шаб аз номи хоҳараш мактубе омода намуду баробари ба кор омаданаш ба домодшаванда гуфт:

  • То ин замон ману ту ҳамкор будем, акнун хешу табор ҳам шудем. Росташро гўям, хоҳарам низ туро дўст медоштааст. Ҳамин пагоҳ ин номаро дод, то ба ту расонам. Акнун ман номаҳои ўро меораму ту корҳоро ба сомон расондан гир.
    Минбаъд Афандӣ «нома» меоварду домодшавандаи бечора говҳоро ему алаф медод ва оғилҳоро тоза мекард.

НОМГУЗОРИИ РАВШАН

Шахсе ба назди шоир Равшани Ҳамроҳ омада хоҳиш мекунад, ки ба писараш ягон номи шоирона гузорад.
Равшан мепурсад:
-Писарат чандрўза шуд?
Он шахс ҷавоб медиҳад.
-Ду моҳ мешавад, ки дар батни ҳамсарам камол меёбад.
Равшан мегўяд:

  • Ин тарз бошад ба писари ту Тоҳир ном мегузорем, мабодо завҷаат духтар тавааллуд кунад, як ҳарф илова намуда Тоҳира ном мегузорӣ.

КОРАТ ДУРУСТ МЕШАВАД

Хоҳари Афандӣ баъди бо шавҳараш ҷангҷол намудан як шаби пурбарф қаҳр карда ба хонаи модараш меравад. Ў хоҳарашро тасалло дода мегўяд:
-Ғам махўр, ман язнаамро чунон ҷазо медиҳам, ки то охири умр ғуломи ҳалқабаргўши ту мешавад.
Язнаи Афандӣ ду-се соат мунтазир мешавад, чун ҳамсараш барнамегардад роҳи хонаи хусуру хушдомани худро пеш мегирад. Афандӣ аз дур омадани язнаашро мебинад, ба пешвоз мебарояд ва ўро бахона роҳ надода мегўяд:
-Кори хуб накардаӣ, ки ба сари хоҳарам даст бардоштаӣ. Модараму хоҳарам аз ту сахт дилмондаанд. Хоҳарам аз ту ҷудо шуданист. Дар берун сабр кун, ман кўшиш мекунам, ки корро ба суд накашонанд.
Домод чанд соат мунтазир зери барф меистад. Нимашаб Афандӣ ба берун баромада хабар мерасоад, ки кор ба фоидаи язнааш ҳал мешудагӣ барин.
Рўз мешавад ва бо дасту пои карахт гардида низ домод ҷои нишондодаи Афандиро тарк намекунад.
Чун барф мемонаду рўз мешавад, Афандӣ баромада ба домод мегўяд:
-Ҷазоятро гирифтӣ. Минбаъд агар ба сари хоҳарам мушт бардоштанӣ шавӣ, ин шабро ба ёд ор.

пешина
аз 103
навбатӣ