Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рафиқонаш сабаби амали ўро мепурсанд.
Ў мегўяд:
-Ман аз тарафи чап аз мошин гузаштам. Агар онро бозмедоштам, худам сад фоиз қоидаи бехатарии роҳро вайрон кардагӣ ҳисоб мешудам, аз ин рў худдорӣ кардам.

МЕМУРД, КИ ПЕШТАР РАВАД

Ҳамсари Афандӣ барои ба ҷой овардани маросими ҳаҷ сафар мекунад. Баъди чанде овоза мешавад, ки бо сабаби афтодани крани борбардор чандинкас кушта гардидаву чанд каси дигар маъюб. Давлати Арабистон эълон намудааст, ки ба кушташудагону маъюбон пули ҳангуфте медиҳад. Рўзи дигар рафиқонаш Афандиро ғамгин мебинанд ва сабаб мепурсанд.
Ў мегўяд:
-Ҳамсарам мемурд, ки каме пештар равад ва ман ҳам соҳиби пулу мол шавам.

ТАРЗИ ИСТИФОДАИ МЎМИЁ

Шахсе бемор мешавад ва табибон тавсия медиҳанд, ки барои шифоёбӣ аз мўмиё истифода барад, аз ин рў аз бозор мўмиё харида ба хонааш меорад, аммо тарзи истифодаи онро намедонад. Барои донистани тарзи истифодаи он ба назди Афандӣ меравад.
-Шумо одами ҷаҳондида ва доноед. Оё тарзи истифодаи мўмиёро медонед?
Афандӣ гуфт:

  • Зуд як пиёла оби ҷўшидагӣ биёр.
    Шахси бемор об ҳозир мекунад. Афандӣ мўмиёро дар об ҳал мекунаду ба сар мебардорад ва ба бемор мегўяд:
  • Ёд гирифтӣ-мӣ? Мўмиёро ҳамин тарз истифода мебаранд.

КОРМАНДОНИ БДА МЕГИРАНД

Ҳамсари Афандӣ як даста пулҳои фарсудаи майдаро нишон дода гуфт:
-Домулло ин пулҳоро партоям -мӣ? Ба чанд дукон бурдам, вале ягон тоҷир нагирифт.
Афандӣ гуфт:

  • Ҳаргиз ин корро накун. Агар ин пулҳоро тоҷирон нагиранд, кормандони БДА «ҷон-ҷон» гўён мегиранд.

БА ТУ ДАҲ КИТОБ МЕБАХШАМ

Ҳамсари нахустини шоире баъди бемории вазнин вафот мекунад. Шоир, ки ўро ниҳоят дўст медошт, хеле мусибатзада мегардад. Ў аз дарду алам ба поси хотири ҳамсараш китоби навбатиашро ба ў мебахшад.
Баъди чанде шоир аз ноилоҷӣ бо зани дигаре хонадор мешавад, вале аз ягон ҷиҳат камбуди ҳамсари аввалаашро пур карда наметавонист. Рўзе зани наваш гилаомез гуфт:
-Барои ҳамсари нахустинат китоб бахшидӣ, вале маро ҳатто лоиқи як шеър намедонӣ.
Шоир гуфт:
-Азизам, ба ў баъди маргаш як китоб бахшидам, агар қисмат ёрӣ кунаду марги туро бо чашмони худ бинам, ба поси хотири ту даҳ китоб мебахшам.

МОДАРАТ ОМАДА МАСТРО БИНАД Афандиро ҳамсараш барои майнўшиаш пайваста сарзаниш мекард.

пешина
аз 103
навбатӣ