Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
— Хуб, гиред, палави кадбону маътал шуд, — ба арзи ҳоли ӯ чандон эътибор надода, даст ба лангарӣ мебарад Нозилҷон.
Ва бо ҳамин хомӯшӣ ба миён омада, ёрони куҳан як муддат ош мехӯранд, газак мегиранд.
Пас ҳангоми чойи гарм даричаи гуфтугӯро аз дигар тараф кушода, ҳар кадоме аз он чӣ огоҳ аст, бе ҳеҷ тааннут ягон соат барин сӯҳбат мекунанд. Аз вазъи пойтахт, ҳолати таълиму тарбия дар мактаб, баъзе воқеоти хушу нохуши деҳа, инчунин аз рӯзгори шахси худ, ҳаёти собиқ ҳамсинфон, ниҳоят, аз боби имону инсоф... Исматулло акнун Ҳотамбекро бе лақаби наваш ном мегирад. Соҳиби хона низ хеле меҳрубон — маълум, ки сидқан меболад аз ҳузури дӯстони айёми дур. Нозилҷон ҳам хурсанд аст; тану ҷонаш хоса ҳаловат бурда, гӯё дар олами сабзи кӯдакӣ масрур ба гардиш меоянд. Билохир вай пиёлаи холиро дар рӯйи дастархон монда, ба оҳанги шукру сипос мегӯяд:
— Инак ба ман иҷозат.
— Ба камина ҳам, — зуд ӯро пайравӣ мекунад Исматулло.
— Боз камтар шинем, чӣ? Охир, шабҳои зимистон дароз! — далел меронад Ҳотамбек.
— Ҳоло аз сӯҳбати модар сер нашудаам. Саҳар баргаштан лозим, — низ асос меорад Нозилҷон.
— Чӣ илоҷ, ҷӯраҷон, майлат... Дар куҷое бошӣ, зинда бош. Ба аҳли оилаат салом расон.
Садкаи ҳар қадамат...
Дӯстон ба дастархон фотиҳа хонда, қаноатманд аз ҷой мехезанд. Ҳотамбек ҷомаашро чаққон ба китф андохта, чашмони кабудаш равшан, хушнуд нидо мекунад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё