Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ман худам шуморо то тоқи дарвоза мебарам!
— Мабодо, ки гашта биёем, а? — нешханд мезанад Исматулло.
— Ёфтӣ, — мегӯяд ӯ. — Нозилҷон-ку, хайр, маълум — инсоф дорад, вале аз одати нағзи ту метарсам.
— Ҳай зихнай, Катарин...
— Боз ҳамон гапи бӯйнок!
— Пушти хамидаро гӯр рост мекунад.
— Ту, албатта, дар худат санҷидай...

Онҳо ба чунин суханон хандида-хандида, аз дарвозаи ҳавлӣ берун меоянд. Ва беихтиёр тавакқуф намуда, фурсате сукут меварзанд. Гӯё баногоҳ худро дар як олами ноошно мебинанд. Гӯё намедонанд дар ин нимторикии шабоҳанг ба ҳам боз чӣ гӯянд, дигар аз кадом боб ҳарф зананд... Маҳин мерасад садои борони майда, борони сарди шоми зимистон. Дар кӯчаи ҳоло хилват, ки ба ду тараф вазнин тӯл кашидааст, аз симчӯби пеши баъзе ҳавлиҳо ҷо-ҷо равшанӣ медавад. Деҳа хомӯш, ба ҷуз гиряи аламноки борон ғайра овозе намепечад ба он. Аз чӣ бошад, Нозилҷон модари куҳансолашро нохост ба худ тасаввур намуда, қомати наҳифи ӯро дар пушти тиреза мебинад — чашмаш чор, яқин раҳ мепояд кампир, раҳи ягона писар... Ҳотамбек тар шуда, эҳтимол хунук хӯрда, дастонашро ба остинҳои ҷома меандозад. Исматулло як сурфида, пойҳояро монугир мекунад. Ва дӯстон, дӯстони айёми беғаши бачагӣ, бо чанд сухани дар ин гуна мавридҳои хайрухуш зарурӣ ба се ҷониб рӯй оварда, аз ҳам ҷудо... ҳар кадоме ба хилвати худ мераванд.

пешина
аз 93