Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ман дигар намегирам, — қатъӣ садо медиҳад овози Нозилҷон. — Бе ин ҳам ба одами бемор нӯшида, гуноҳ кардам. Ҳатто шарманда шудам.
— Дар пеши кӣ? — гӯё ҳайрон монда, мепурсад Исматулло.
— Ҳеҷ набошад, дар пеши худам.
— Ҳотамбек касал не, беҳуда ғам мехӯрӣ.
— Чӣ хел, аз як мурдан гаштаасту...
— Худо хоҳад, боз аз сад мурдан мегардад!
— Ту, нағзаш, дигар ба вай чаққа нашав. Воқеан ҳам дӯст бошӣ, зинҳор аз ёдат набар, ки духтур чӣ фармудааст.
— Хуб, ба ин касали лоҳис намепарезам. Дуямон менӯшем, пеш аз ош, кам-кам...
— Гуфтам-ку: не!
— Дилат мекашида бошад, худат нӯш. Бемалол... — ба Исматулло рӯй меорад Ҳотамбек.
— Ҳамин қадар кайфаш бас будагист, — коҳишноқ механдад Нозилҷон.
Исматулло, ки аллакай шишаро гирифта, ба пиёлаҳо арақ рехтан мехост, сараш андак хам, онро дуртар аз худ дар як гӯшаи дастархон монда:
— Лекин рост, — мегӯяд. — То ин ҷо омадан ман хеле гулӯ тар кардам. Шумо ҷиддан нахоҳед, пас банда ҳам дигар наменӯшам.
— Ҳар ду ихтиёр доред, аммо ман дар воқеъ ҷиддан... — гӯшти инак майдаро аз болои тахтача ба рӯи ош мегузорад Ҳотамбек.
— Ту аввал кӯча баро, Катарин. Баъд, ана, дида арз мекунем, ки то чӣ андоза ҷиддан не мегӯӣ.
— Шунидӣ? — мепурсад Ҳотамбек аз Нозилҷон. — Таҳдидро шунидӣ? Аз доми алоиқи инҳо халосӣ нест. Боз ту ба гӯшам мехонӣ, ки аз худат эҳтиёт бош...

пешина
аз 93
навбатӣ