Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
ҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданЛои дастархон нигариста, қир-қир механдад Исматулло.
- Ин аз сарҳавзи дигар.
- Фарқаш чӣ? Кайфаш бошад, шуд...
- Кайф медодагисту афсӯс, ки дар зери назорат, - маънидор табассум карда, беозор мегӯяд Нозилҷон.
- Шии-шаа?! - мутаҳайир як ба вай, як ба Ҳотамбек чашм медавонад Исматулло.
Ҳамин дам дари хона аз нав боз гардида, наҳустписари Ҳотамбек дар рӯи лаълӣ чойи гарм ва ҳар хел газак меорад. Ва чойники холиро гирифта берун мераваду баъд аз лаҳзае модари ӯ як лангари оши палав медарорад. Омехта ба ҳаври он дар димоғҳо бӯи иштиҳоангез менишинад. Табақро дар мобайни дастархон мондан пас... занак эҳтимол шишаи гардандарози арақаш ҳамчунон нимабаландро махсус аз назар гузаронда, табъаш хеле хуш, ба Нозилҷон муроҷиат мекунад: - Нанӯшидаед-ку...
- Аз дасти ту нӯшида мешавад, чӣ! - ба ҷои дӯсти худ фавран ҷавоб мегардонад Ҳотамбек.
- Ман аз акаам пурсидам...
- Ана, Исматулло омад, ҳоло менӯшем, - аз шарми ногаҳон ба гунаҳояш як қадар хун давида, бо тавозӯъ мегӯяд Нозилҷон.
- Ош шавад! - дари хонаро оҳиста кушода, занак аз паи кори худ меравад.
- Ин Шeralӣ дар зери назари кӣ будааст, акнун фаҳмидӣ? - ба Исматулло чашм медӯзад Ҳотамбек.
- Дар зери назари Худо бошад ҳам, менӯшем, - хотирҷамъ мегӯяд вай. - Охир, ҷӯраи ҷонамон омадааст! Кайҳо боз ба дидораш зор мегаштем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё