Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
ҷандондоми Исматуллои муаллим намоён мегардад. Ва Ҳотамбек:
– Давомаш ба вақти дигар, – гӯён зуд аз болои кӯрпача мехезад. – Ку биё, дӯстам...
– Ана, омадам. Хабар накунед ҳам, омадам,
– гулдурос мезанад овози меҳмон.
– Чӣ бало, мастӣ? – низ бархоста, ҳазломез мепурсад Нозилҷон.
– Маст ё не, ду-се кас шуда, ба ёди шумо кам-кам нӯшидем, – борониву кулоҳи фарсудаашро як сӯ партофта, ходавор қоқи дароз, норозиёна ғур-ғур мекунад ӯ.
– Ҳушат дар ҷояш? – мегӯяд Ҳотамбеки дар ҳар сурат бемор. – Мо ҳоло намурдаем.
– Зинда бошӣ, ба суроғи муаллими камбағалат одам мемондӣ...
– Ту ғам nahӯр, Ҳотамбек, ин ҷӯраи мо ба ёди худаш нӯшида, андак малул шудааст, – ба Исматулло оғӯш мекушояд Нозилҷон.
– Лекин ҳай обсофкунакӣ! – бардурӯғ ҷиғот меандозад меҳмон, ки низ дӯсти бачагии ӯст.
Баъд аз вохӯрдии гарму самимии онҳо дар гирди дастархон нишаста, аввал даст ба фотиҳа мебардоранд. Пас ба ҳамдигар дубора, инак батафсил пурсупос мекунанд.
– Саҳарӣ аз аҳволи шон хабар гирифта будам, – соҳибхонаро дар назар дошта, ниҳоят танҳо ба Нозилҷон рӯй меорад Исматулло. – Худат чӣ хелӣ – тану ҷонат сиҳат? Вақтҳои охир ками дар кам меоӣ, пазмон шудаем.
– Мо дукаса, иншоаллоҳ, пазмониатро мешиканем, – нарм мегӯяд дар ҷавоб Нозилҷон.
– Ба чӣ? – гӯшу ҳуш мегардад Ҳотамбек. – Ба амонаташ-ку хиёнат кардем...
– Ана, нисф зиёд мондааст, – ба шишаи бо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё