Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Қасдаш намегардад — манзил ба манзил чандин рӯз таъқиб карда, ду-се маротиба ӯро мебинад.
Ҷасурона мегӯяд, ки амонатамро баргардон.
Аммо ҳар дафъа Иброҳимбек бо як сухани «ту аҷаб одамӣ...» фақат хандида, носкадуро гашта намедиҳад. Гӯё паҳлавонро ба бозӣ андохта, масхара кардан мехоҳад.
— Ҳамон вақт бобоят чандсола будааст?
— Камобеш бистсола, ҳанӯз муҷаррад...
— Аспи тозиашро ба ду дасти адаб супурда, аз паи як носкаду ин қадар овора шудан... — лаҳзае ба хаёл меравад Нозилҷон. — Ростӣ, кас дар ҳайрат мемонад.
— Ман ҳам то ҳол ҳайронам, — андешаи ӯро тасдиқ намуда, аз сари нав чорзону менишинад Ҳотамбек. — Вале зуд-зуд фикр мекунам, ки дар воқеъ инсони якрав будааст бобои човандози ман, истодагари баору номус будааст. Агар не, ба гуфти ту, азоби алим кашида, роҳи дуру дарозро тай зада, баъзе шабҳояшро дар ҳар гуна фарозу нишеб рӯз карда, падару модараш ахир поумед, оқибат то худи Деҳнав мерасад? Нотарсиро бин...
— Деҳнави имрӯза Ўзбекистон?
— Бале. Аммо дар он ҷо ҳам Иброҳимбек ӯро дидан замон хуб механдад, ки «ин бандаи Худо эҳтимол сиҳат нест». Ҳатто чашмашро сахт тарсондан мехоҳаду аз чӣ бошад, даррав мулоим шуда, баъд, «ана, ман ба ту қоил, бачамард, ҳақиқатан дар иқдоми худ устувор будай», мегӯяд.
Ва як муддат ӯро аз ҳар дар ба гап гирифта, боз ҳам мурданивор қоҳ-қоҳ зада, ниҳоят ин кадучай нозанинро бармегардонад. Бобои мо аз ғояти шодӣ тоқиашро, албатта, ба осмон меандозад.
...Банохост дари хона кушода шуда, дар ос-

пешина
аз 93
навбатӣ