Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Акнун ба аспи номдори худаш буз мегирифтааст. Дар гӯштин ҳам рӯз то рӯз месабзидааст. Мазмун, дигар дасткӯтоҳ набудаанд онҳо. Аммо ин айёми хуш дер нарафта, як-ду сол пас инқилоб мешавад, амир Олимхон мегурезад, ба ҷояш аскарони сурх меоянд. Паёпай, даста-даста, беҳисоб... Ба қавли раҳматӣ қиблагоҳ — вай ҳам, албатта, аз падараш шунидагист, — балои қазо барин як гирудори шадид бархоста, саг соҳибашро намешинохтааст.
— Воқеаи он солҳо аз таърих маълум, — мегӯяд бо тамкин Нозилҷон. — Ту дар бораи носкаду гап зан.
— Кашола кардам? — механдад Ҳотамбек. — Пӯсткандаашро шунидан хоҳӣ, амир гурехтан пас ҳаракати босмачигарӣ, ё чӣ тавре имрӯз мегӯянд, дар роҳи дифоъ аз ватан мубориза оғоз гардида, дар ин арсаи хунин Иброҳимбеки лақай саркардаи муносиб шинохта мешавад. Вай рӯзе ба тарафҳои мо ҳам омада, дар пеши масҷиди ҷомеъ ба мардум муроҷиат мекунад, ки ҳар каси баномус агар хонаву дарашро азиз дониста, диёри мусулмонободи худро аз тасарруфи кофирон берун овардан хоҳад, ё мувофиқи синну сол ба сафи мо дарояд, ё ба нияти ғалабаи лашкари ислом алоқадри ҳол нақдина супорад, аспу улав диҳад. Аз байн фурсати зиёд нагузашта, се-чор сарҳӯй ба аскари розӣ мешаванд. Баъзе одамони доро хоста ё нахоста, пул мебиёранд, шаш-ҳафт аспи базину лаҷом низ тақдим мекунанд. Аз ҷумла бобои содаи мо ҳам ҳисса дар роҳи хайр гуфта, он ёри на камтар аз Шабдези худро шахсан ба ихтиёри Иброҳимбек мегузорад.
— Аҷаб саховате!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё