Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
ро интихоб мекунад.
— Пас худат барин носкаши чор кас медидагӣ будааст, — беғаш механдад Нозилҷон.
— Мегуфтанд, ки раҳматӣ ҳаргиз намекашид, — бо тамкин ҷавоб мегардонад Ҳотамбек.
— Қиссаи бобои ту сирф афсонаро мемонад. Бе ягон муҳобот.
— Ҳар чӣ бошад, дар замонаш ин фирқа одамон вомехӯрданд. Сода, шояд баинсоф. Боз кӣ медонад...
— Хуб, баъд чӣ мешавад?
— Тоҷир, — ба ҳикояташ давом медиҳад Ҳотамбек, — аз рафтори вай ангушти ҳайрат газида, ба бобокалони банда ҳазор раҳмат мегӯяд, ки ягона фарзандаш ба чунин чашму дили сер ба воя расидааст. Ҳатто оби дида мекунад он марди хушбахт. Ва аз бозёфти худ, яъне аз анбонча чил ашрафии башумур гирифта, ин ҳаққи ҳалолат, писар, илоҳӣ насиб кунад гуфта, маҷбур ба дасти бобоям меқапонад.
— Эҳа-аа-а... Чил ашрафӣ давлати бисёр калон буд, — овоз бароварда, гӯё худ ба худ меандешад Нозилҷон.
— Яқин кам набудааст, ки онҳо дар як муддати кӯтоҳ кулбаашонро вайрон карда, ба ҷояш се дар хонаи барҳаво месозанд. Гови ҷӯшой ҳам мехаранд, чор-панҷ моли майдаашон ба рама табдил меёбад. Муҳиммаш — бобои ҷовандози ман ниҳоят соҳиби асп мешавад. Аспи таърифӣ, аспи тозӣ...
— Худо агар диҳад, намепурсад, ки писари кистӣ.
— Ҳақ асту рост, дӯстам, — мад кашида, хушҳол мегӯяд Ҳотамбек. — Қисса кӯтоҳ, падараш зуд аз доми камбағалӣ раҳо ёфта, бобоҷони мо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё