Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Ҳотамбек. Баъд хушнуд медиҳад: – Хӯш ки бошад, илоҳӣ фардо пули сиротро дав-давон гузашта, аз пешгаҳи ҷаннат ҷой ёбад, раҳматӣ падар баъзан ҳикоят мекард, ки вақте қиблагоҳаш, яъне бобои ман... ба воя мерасад ва гоҳо гӯштин гирифта, гоҳи дигар ба аспи як кас-ним каси доро буз кашида, дар гирду атроф кам-кам ном мебарорад, рӯзе... шояд ба хости Худо, аз қади роҳаш анбоне меёбад хурдакак, аз чарми пухтаи ҷигарранг, даҳонаш маҳкам бастагӣ. Аслан ӯ дар кадом ҷои дур корафтода шуда, ҳамон ҳин харсавор меомадааст, тани танҳо... Бобои мо аввал ҳайрон мемонад – дар он қарибиҳо касе нест, ки ҳақиқати ҳолро баён дорад. Зеро ин ҳатман аз ягон раҳгузар, аз ягон одами сафаракӣ. Ҳар кӣ ҳам бошад, худаш бехабар яқин аз улоғаш ғалтондааст бандаи бепарво. Аслашро боз Худо медонад... Ба чунин андеша пас анбончаро оҳиста кушода мебинад, ки эҳа-аа-а! – дарунаш пур аз ашёи гаронбаҳо: ханҷари бағилофи дастааш мурассаъ, чанд қуфлаки гиребону гарданбанди беҳамто, ҷуфт-ҷуфт гӯшвораву ангуштаринҳои банигин, се адад соғараки заррин, чор-панҷ шадда марвориду марҷони сурх, шаш-ҳафт сархораву ҳатто як дона хилоли низ тиллоӣ, ба илова расо сад ашрафии аъло! Ҷӯраи ҷони ман бошӣ, акнун ёбу гир... Камина агар дар ҷои бобоям мебудам, ин қадар сарватро дида, биллоҳ, ки аз ҳуш мерафтам. Воқеан, аҷибаш – аз байни он зару зевар ҳамин носкадуи азизу авлиё ҳам мебарояд. Ҳоло гапам чӣ буд? Ҳа-а, эҳтимол ман аз ҳуш мерафтам. Вале бобои қаҳрамони банда ақлашро бой намедиҳад; анбон дар паллаи хӯрчин, шабонгаҳ ба манзил мерасаду онро дар пеши падараш гузошта, буду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё