Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

им ояд, ҳатто дар занозанӣ ҳамто надоштааст.
— Боз падарам мегуфт, ки ба шарофати амаки Талбак номаш ноҳаққӣ дар ин музофот ками дар кам рӯй медод.
— Бале, ягона фарзанди падару модар будааст бобои ман. Талбида будааст...
— Чӣ илоҷ, дар он солҳо ҷанги Олмон тану ҷони миллионҳо нафарро ба коми бетаки худ фурӯ бурд. Гӯё хушку тар баробар месӯхтанд.
— Ҳамин тавр — месӯхтанд, хокистар мешуданд... — хаёлолуд манаҳ мехорад Ҳотамбек. — Мегӯянд, одами беҳад якрав будааст Талбакҷовандоз, аз дами шамшер ҳам рӯй намегардондааст.
— Якрав набошад, дар вуҷудаш зӯъмӣ боло нагирад, оё чанд шабонарӯз аз паи Иброҳимбек барин саркардаи бедод мегашт?! — чойникиро пештар кашида, ба худаш чой мерезад Нозилҷон.
— Хунук нашудааст?
— Ширгарм, айни муддао...
— Пас гӯш фаро деҳ, — аз сари нав ба лӯлаболин такя меандозад Ҳотамбек. Ва як сурфидаву гулӯ равшан карда, носкадуи нуқракӯб дар даст, ниҳоят ба қиссаи ҷадди худ мегузарад, ки замоне паҳлавони номвар буда, дар ҷовандозӣ низ шӯҳрати босазо доштааст. — Бобову бобокалонҳои мо, пушт ба пушт мардуми хокпош, ризқу рӯзиашонро аз раҳи деҳқонӣ меёфтаанд. Ба мисли ин бандаи гаправ.
— Бобоят якрав, худат гаправ... — бино монда, нохост ба забон меорад Нозилҷон.
— Ту ҳам дар тамасхур устухон надорӣ, а! — офтоби аз пушти абр берун ҷастагӣ барин филҳол чеҳрааш кушода шуда, бо табассуми фарох ба чашмони мешии дӯсти бачагиаш менигарад.

пешина
аз 93
навбатӣ