Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
ҷомапӯшонӣ, бе ғаразу тамаъ, аммо бисёр гарм ва ҳамвор идома дорад. Инчунин бояд иқрор кард, ки Нозилҷон ба инсонгарии Ҳотамбек, ба хайрхоҳиву хуштабиатӣ, ниҳоят, ба дили софу лафзи поки ӯ пайваста эҳтиром мегузорад. Пас вай ба кадом муҷиб дар пеши дӯсташ ваъдахилоф шуд? Ба ташвиши зиндагӣ, ба фаромӯшҳотирӣ, балки аз беэътиборӣ? Ҳар чӣ ҳам бошад, мусаллам аст, ки ӯ, Нозилҷон, худаш бехабар, эҳтимол оби дари хонаро беқадр медонист. Мазмун, ба нафаси зодгоҳаш, ба пасту баланди рӯзгори мардуми он, ба гуна-гуна воқеоти ин гирду гӯша хеле кам аҳамият медод. Ба пиндораш мавзӯъҳои навиштанӣ бояд дар ҷойҳои дигар, дар миёни одамони ғайр, дар муҳити обу хоки ноошно тавлид меёфтанд. Бале, рост гуфтаанд, рост — яқин аз худи рӯзи азал қадр надорад оби дари хона, тира метобад...
— Чӣ фикр мекунӣ?
— Ман ҳам аз ту инро пурсиданӣ будам, — мулоҳизааш қатъ гардида, ба Ҳотамбек чашм медӯзад Нозилҷон.
— Зуд-зуд афсӯс мехӯрам, ки рӯи бобоямро надидаам, — каме мағмум мегӯяд вай. — Аҷаб бераҳм аст фалаки ҷомакабуд.
— Аз кори фалак ё не, таърихи дуру дарози инсоният хунрезиҳои шадидро низ дар бар мегирад. Ман гоҳо фикр мекунам, онҳое ки гӯё дар дирӯза ҷанг бо фашистон ҳалок шуданд, ҳама қаҳрамон буданд.
— Дар муҳорибаи Сталинград ҷон медиҳад бобои банда. Як марди расо чилсола...
— Медонам, аз раҳматӣ падарам шунидаам.
— Одами бисёр нотарс, лекин ба ҳақиқати ҳол тандеҳ будааст ӯ. Дар ҷовандозӣ, гӯштин, ло-
160

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё