Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
— Пас сабаб чист, ки наменависӣ? — он кадучаи зебо дар кафи даст, оринҷашро хандон аз лулаболин канда, чорзону мезанад Ҳотамбек.
— Ҳоло фурсаташ нарасидааст, — мулоим мегӯяд Нозилҷон.
— Ба ҳикоя карданам ягон даҳ сол шудагист...
— Шояд, лекин тафсилоташро нағз дар хотир надорам. Мавридаш ояд, як бори дигар аз худат пурсидани будам.
— Пурс, охир! — баланд механдад Ҳотамбек. — Ҳанӯз вақту соаташ не?
— Чаро? — андак ҳиҷил мешавад Нозилҷон. — Бемалол бошад, камтар ба ёдам меовардӣ...
— Агар сидқан шунидан хоҳӣ, ман он қиссаро, ҷӯраҷон, камтар не, пурра нақл мекунам.
— Кошкӣ...
— Ба шарте ки ваъдагиатро зудтар менависӣ.
— Гап якта — Худо хоҳад, ин дафъа аз ёд намебарам, — диққаташро аз таҳти дил ҷамъ меорад Нозилҷон.
— Хуб, одаму лафз, гуфтаанд, — ҷиддан даст ба дӯсти бачагии худ медиҳад Ҳотамбек.
Баъд чор ҳадди хонаро хаёлолуд аз назар гузаронда, муддате сукут меварзад. Ҳатто як қадар парешон метобад. Нозилҷон гоҳ-гоҳ ба чеҳраи инак саҳле тирафоми ӯ нигариста, ботинан худро маломат мекунад, ки воқеан ҳам чаро он ҳодисаи вобаста ба бобои рафиқи шафиқашро сари вақт ба қалам наовард. Охир, аз айёми кӯдакӣ онҳо ғалтидаву хеста, баъзан аз фарти беақлӣ гиребони ҳамдигарро канда, вале бо вуҷуди ин ҳаргиз кина нагирифта, гӯё баногоҳ якҷоя калон шуданд. Мактаби деҳаро низ ҳар ду дар як рӯз ба итмом расонданд. Хулоса, дӯстии онҳо бе ҳеҷ аҳду паймон, бе махсус зиёфату

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё