Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Сафар бошад, номашро Музаффар намегузоранд.
— Дониста мон...

Ҳотамбек акнун ба сухани дӯсти худ қариб эътибор надода, аз таки кӯрпача як носкадуи хушранги ҳалқа-ҳалқа нуқракӯбро, ки ба назар хеле ҷаззоб менамуд, оҳиста берун меорад. Баъд онро дар партави чароғи шифт фурсате тоб додаву тамошо карда, ба сари зонуяш тиқ-тиқ мекубад. Гӯё нос кашидан хоҳад. Вале аз чӣ бошад, чунон ки Нозилҷон интизор буд, даҳони шилшиладори он кадучаи зеборо накушода, ногаҳон ба лӯлаболин такя мезанад. Пас ба дӯсташ як чашм давонда, боз ба носкаду менигарад. Гашта ба дӯсташ... Хомӯш аст Ҳотамбек, хаёлманд аст. Ба назар чунин метобад, ки ҳушу ёди ӯ дар дуриҳои дур парвоз доранд. Ниҳоят, собунаки пояш аз сари нав тиқ-тиқ садо медиҳад. Маълум нест, ки вай нос кашиданист, ё он мояи ифтихори худро намоиш дода, ҳамин тавр бозӣ кардан мехоҳад.

— Шинохтӣ, а? — оқибат мепурсад Ҳотамбек.

— Албатта, нишона аз бобои ҷовандозат, — дарҳол ҷавоб мегардонад Нозилҷон. — Инро кӣ намедонад?!

— Аммо ту фаромӯш кардаӣ.

— Чӣ хел? Шинохтам-ку...

— Ман гуфтаниам, ки ба ваъдаат устувор набудай.

— Боз кадом ваъда?

— Дар вақташ қавл дода, ҳиссаи ин носкадуро кӣ навиштан мехост?

— Ман, албатта...

— Ниҳоят, бобои маро кӣ машҳур кардани буд?

— Боз ҳам ман.

пешина
аз 93
навбатӣ