Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Рафтӣ, бояд якумр ба ту кифоя бошад. Аслан чӣ фоида аз ошнобозии барзиёд?!
-
Лекин рост мегӯӣ, — андак ба хаёл меравад Ҳотамбек.
-
Ақалан оқибати шаш фарзандатро фикр кун. Ҳоло аксарияти онҳо хурданд, мактабхонанд...
-
Бале, — калла меҷунбонад ӯ. — Баракат ёбад, устодашон Исматулло. Чӣ будани забону адабиётро мефаҳмонад бачамард.
-
Худо нагирад ҷони ин хел муаллимро! Аз роҳаш нагашт, ки нагашт...
-
Арақхӯриашро дар назар дорӣ?
-
Агар не, боз чиро?! Ба он лабу даҳан намедонам вай ба хонандаҳо аз чӣ дарс медода бошад... Балки шарму ҳаё чист, — умуман фаромӯш кардааст?
-
Биё, мон, — як дам сар мехорад Ҳотамбек. — Нағзаш, аз худат пурсам. Дар муддате ки ҳамдигарро надидаем, чиҳо навиштӣ?
-
Ба ин суолат, ҷаноби бемор, аллакай ҷавоб додам, — мегӯяд Нозилҷон.
-
Яъне кам-кам менависӣ? Ҳоло дар дег, ҳоло ба кафлес наомадааст?
-
Ҳамин тавр. Садқаи аҳли фаҳм шавам...
-
Хайр, аз нияту нақшаҳоят гап зан.
-
Чӣ гап занам? — ҷиддӣ мепурсад Нозилҷон. — Хирадманде фармудааст, ки Худоро ханондан хоҳӣ, дар пеши Вай минбаъда нақшаҳои худро ба забон биёр.
-
Таслим! — мегӯяд Ҳотамбек, пас аз лаҳзае дандон сафед карда.
-
Мағзи ин ҳикматро, албатта, дуруст фаҳмидӣ?
-
То ҷое пай бурдам, ки мазмун... бача дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё