Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
— Аз ҳисоби Афлотун бошад ҳам, нанӯш. Та-моман... Кӣ медонад, боз нохост ба ягон фало-кат печида, мабодо чандинсола номи некатро бой диҳӣ. Одаму ҳодис, гуфтаанд.
— Номи нек, а! — бепарво даст меафшонад Ҳотамбек.
— Ношукрӣ накун, — ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ мегирад Нозилҷон. — Мардум ба ту эҳтироми зиёд доранд. Хурду калон... Чунки нағз медо-нанд — як инсон ҳақталошӣ, дасткушодӣ, дилу ният пок, чашмат ҳалол, ба ёру ошно са-доқат дорӣ, муҳимбарорӣ. Боре нашудааст, ки аз қавлат гашта бошӣ; ҳаққи ягон бева ё бечо-раро ҳам нахӯрдаӣ, ба амонат хиёнат накардаӣ. Дар ҳар сурат, мардум инро на дидаанд, на шу-нидаанд. Аз ҷумла худи ман... Боз чӣ лозим ба як марди мусулмон!
— Мо ҳамин хел одам гуфта, чор занам?
— Не, ту чор назан. Ту саломатиатро эҳтиёт кун.
— Дар ин дунё Худо ҳар чӣ фармуда бошад, ҳамонро мебинӣ.
— Вай арақ нӯш нагуфтааст-ку...
— Исматулло мегӯяд, — маҷбур механдад Ҳотамбек. — Дигар улфатҳо мегӯянд... Онҳо чӣ қадар шилқинанд, нағз медонӣ.
— Бо вуҷуди ин нанӯш, — аз гапаш намегардад Нозилҷон. — Як-ду сол гузаштан баъд мефаҳмӣ, ки эшон то кадом андоза ба ту садоқат доранд. Яъне вай дигар намегирад гуфта, пояшонро аз дари хонаат кананд, ё аввала барин туро ба дас-тархони худ даъват накунанд, пас дӯстони ха-сакӣ будаанд.
— Ҳар кор шуданаш мумкин...
— Мумкин ҳам гап! Ин дарсе ки аз қазо ги-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё