Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
— фаромӯш кардӣ?
— Мани сода он вақт аз куҷо медонистам, ки Исматулло, ҷӯраи ҷонамон, як карсон атолаи махсус сӯзонро оварда, барқасд дар пешам мондааст! Ба хизмат тӯҳмат...
— Охир, дилам дами гарм мехоҳад гуфта, ҳамаро безор карда будӣ.
— Хайр, чӣ? Аз саҳар дар рӯи ҳавлиаш каланд заниву вай ақалан дегашро натафсонад, мебоист ҷим истӣ?!
— Не, албатта! Одам фақат ҷим истад, дигар ба чӣ роҳ лақаб мегирад?
— Лекин рост. Баъде ки он атолаи сабилро бехабар аз найранги шумо осема дам кашида, дилу ҷигарамро муфт сӯзондам, ба ҷои раҳм маро дар як муддати кӯтоҳ ба Дами Гарм машҳур кардед. Гӯё таҳтан ном надошта бошам, омада-омада... дар ин сину сол, ана, Катарин ҳам шудаам.
— Ғамнахӯр... — пушти сар мехорад Нозилҷон.
— Ман ғамнахӯрдаам, — ҷиддӣ мегӯяд дӯсти бачагии ӯ. — Бигузор номамро нагиранд. Ҳаргиз... Ниҳоят, чӣ фарқ дорад, ки банда Ҳотамбекам ё Катарин?!
— Ҳар кӣ бошӣ, ту бе ягон муҳобот одами хубӣ, ҷӯраҷон. Чӣ тавре дар ёдам мондааст, аз худи овони кӯдакиат баинсоф будӣ. Яъне модарзод... Худои карим ҳам маҳз инро яқин ба назар гирифта, умри дубора додааст ба ту. Эҳтиёт шав акнун. Воқеан, духтурҳо чӣ мегӯянд — пӯшидан мумкин ё...
— Манъ карда буданд.
— Аммо ту эътибор намедиҳӣ?
— Чаро? Фақат гоҳ-гоҳ... аз ҳисоби дӯстони беғараз...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё