Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Тиреза ба кадом шохи дарахти зардолу нишаста, беист фарёд мекашад. Балand овоз андохтани ҷонвар чунон гӯшхарош, чунон дилбазан ва бардавом аст, ки ман тез асабӣ мешавам, ҳатто ғашам меояд. Парешонам. Ба илова олами гуфтугӯи аҷиби ҳамсояҳоро, ки гумон мебарам ҳоло, дар муддати ин се рӯзи тобистон, аз дилу дидаи ман ҷой гирифтаанд, нохост паҳш карданаш чӣ? Чиғ-чиғ, чиғочиғ... Ҳеҷ не, ки овозашро ғундорад касофат, ё рафта дуртар, ба ягон дарахти дигар нишинад. Чиғ-чиғ... То фарёди беохираш ниҳоят дар бади худи вай назанад, ҳаргиз ором намешавад. Ман ин парандаи накбатро нағз медонам. Чунон бераҳм, ки... Баъзан онро дидан замон маро ваҳм мегирад.
Як тобистон, дар айёми бачагӣ, ба Похут ном деҳаи соҳили Зарафшон, ба хонаи амакам рафта, дар он ҷо қариб ду моҳи таътил истода, дар қатори гуна-гуна парандаву чаранда ба чиғҷиғак ҳам сари кор доштам. Охир, бача будам; орому қарорро надониста, кӯҳ ба кӯҳу тал ба тал, дарахт ба дарахту шох ба шох ҳай мегаштам; ғоре, ҳафоле ё лонае намемонд, ки аз назар нагузаронам, даст наҳалонам. Аз ранг-ранг ҷонварон яке мефоридам, дигаре мақбул намешуд, ба сеюмӣ умуман бефарқ менигаристам. Вале чиғҷиғак!
Ман онро дидан баробар тарсидам, аз нахустин бор... Худи ҳамон лаҳза дилам таҳ кашида, ба тахтапуштам вараҷа давид. Вай аслан чандон бадафт нест. Лекин қошҳояш... Тавба! Айнан қоши одам барин, ба қоши кабк ҳам мемонад.
Пас чаро кабк ба назари кас хунук намерисаду чиғҷиғак то ин дараҷа безеб аст? Шояд барои
он ки як махлуқи хурдакаки хунхор маҳз сурати инсонро ба хотир меорад. Ва қошҳояшон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё