Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Шабеҳ бошанд ҳам, коре мекунад, ки на фарзанди одам ба худ раво мебинад, на кабки монанд ба он парандаи ғалатӣ – беҳад ҳарис зормонда, асосан гунҷишк мехӯрад, гандагӣ низ... Ва ин ба зоҳираш, хоса ба қошҳояш ҳаргиз муносиб нест. Вай гӯё ба ҳоли кабк механдад; симои инсонро, рафтору кирдор ва дили раҳмини ӯро масхара мекунад; шумо аҳмақед, аз суду зиёни худ бехабаред, – мегӯяд, пайваста фарёд кашида. Ва кадом тухми палағдаро ёбад, ба ҷиғилдон мезанад; аз ягон лоша, лозим ояд, ҳатто аз бачаҳои бемори худ рӯй намегардонад. Ҷиғ-ҷиғ, ҷиғоҷиғ... Хап намекунад лаънатӣ! Мумкин гушна бошад, ё баръакс – шикораш барор гирифта, аз ғояти шодӣ дигар зунукашро намебандад. Ҷиғ-ҷиғ... Пардаи гӯшҳоямро мехарошад-э! Овозаш он қадар ғашовар, ки ростӣ, сахт ба танг меоям; паҳлу мегардам, ба пушт мезанам, аз нав ғел мехӯрам.
Ман ҳоло ҷиғҷиғаки пушти тирезаро намебинам, аммо безор шудаам аз фарёдаш. Медонам, ки рангаш сип-сиёҳ буда, байни шонаҳояш ҷигарранг аст – паи хунро мемонад. Ба ҷисм аз гунҷишк андак калонтар, лекин танаш, эҳтимол аз ҳисоби дум... хеле дароз. Нулаш борики чангаквор ба дарун қат, дастонаш гиро, ноҳунҳояш тез. Чашмонаш гирдаи беқарор ва низ чун пару болаш қиргун. Қошаш... – воқеан, онро маҳз ҳамин қошҳои зебояш аз ҳад зиёд бадафт, ҳатто нафратовар нишон медиҳанд. Гӯё тасодуфан часпидаанд ба пешониаш. Ҷиғ-ҷиғ, ҷиғоҷиғ... Ақалан дам намегирад сабил! Аммо ҳай чолок аст. Гунҷишкро қапад, тамом – филҳол ба чанголҳои печонаш дарида, дар як дам пар меканад. Вай онро аслан ҳангоми парвоз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё