Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мегирад; аз ҳаво, дар муҳити осмони کبود...
Ба мисли бодбезак дар гирди ҷонвар фир-фир тоб хӯрда, гумроҳу гаранг карда, зуд ба чанг меорад. Ва ҳамоно дар шохе нишаста, он бадбахтро ё худаш канда-канда мехӯрад, ё дар миёни панҷаҳои тезаш маҳкам дошта, ҳавои сари роҳашро тирвор бурида, пеши бачаҳояш мебарад. Чиғ-чиғ, чиғ-чиғ... Бас намекунад касофат!
Эъ, ана, ниҳоят дамашро гирифт. Балки рафт...

2

Инак ғайр аз шилдироси оби ҷӯйбор дигар садое шунида намешавад. Хона салқин аст.
Ҳамон бодаки серун ба пардаи дари кушода сабук печида, аз роғи таки он дам ба дам сар мехалонад. Ва ман хоса ҳаловат мебарам аз ин. Ҳоло дигар намебарояд овози Бибирухсора. Вай ба чӣ машғул бошад? Аз Суҳайло низ садое намерасад. Саҳни ҳавлӣ об задагӣ барин дар ҳалқаи сукут қарор дорад. Лаҳзаи пас онро аз дуриҳо ғур-ғури кадом трактор халал оварда, баъди фурсате якбора хомӯш мегардад. Боз сукунат.
Ба мисли дирӯз ё парерӯз овози кӯдакони Хуросон ҳам намеояд, – синҳори Бибирухсора онҳоро гирифта, чоштгоҳ ба дидори падараш рафта буд. То бегоҳ бояд баргарданд. Саги хонадон Шамшер-ку, хайр, маълум – умуман хапу дам; аз санг садо барояд, мебарояду аз вай не. Ё сараш кашол, як пои маҷрӯҳаш қариб дуқат, тамоми рӯз ҳел-ҳел дар рӯйи ҳавлӣ мегардад, ё дар ягон соядав дароз кашида, баҳузур ғанаб меравад. Баъде ки дар бачагӣ дасти чапаш сахт осеб ёфта, мувофиқи шунидам, ниҳоят ба лангӣ тан медиҳад, дилаш мумкин аз дунё мондааст. Ё бар асари дандони саги ҳамсоя тарсу шудааст, –

пешина
аз 67
навбатӣ