Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

АдабиётҚисса

Тафти гармо фурӯ нишаста, рӯз яқин гашт мекунад, ки расидани ин соат аз як қадар тағйир ёфтани ҳавои хона баръало маълум аст. Оби ҷӯйбори саҳни ҳавлӣ ҳам акнун ба оҳанги дигар ҷорӣ мешавад, — гӯё бештар шитоб дорад, гӯё аз шодӣ дар муҳити худ намегунҷад. Дар пушти тиреза шоҳу баргҳои дарахти зардолу аз нав ҷон мегиранд, оҳиста ба ҳаракат меоянд. Ман ҳоло нимхобу нимбедорам; сабук хамёза мекашам, паҳлу мегардам. Ва чашмонам худ аз худ боз мешаванд. Ба пардаи тӯрбофи дари кушода дам ба дам панҷаи бодаки серун печида, домани онро маҳин мечунбонад, гоҳо ба қаду бараш низ беозор чанг мезанад. Гоҳи дигар аз роғи таки ҳамин матои нафис сар халонда, дар рӯи фарши хона мехоҳад ба сайр ояд.

Ман худро бардам ҳис мекунам. Дар болои кӯрпача дастонамро бемалол кушода, аз нав ҷамъ меорам. Муддате лоқайд ба вассаҳои шифти нӯҳболора менигарам. Пас беихтиёр боз ду-се карат ба пушту паҳлу гашта, хоса ҳаловат мегирам. Нафасам амиқ, устухонам сабук. Шояд аз ҳавои ҷонбахши ин деҳаи хурди кӯҳистон аст, ки дар мағзи шонаҳоям, дар сандуқи сина ва банди дасту пойҳоям як зӯри тоза, як мадори

аз 67
навбатӣ