Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

То кунун ноошноро пай бурда, хушу хурсанд аз дил мегузаронам, – рӯзи сеюм аст дур аз шаҳр дар фароғатам, ҳай дам гирифтам, аз хоб ҳам он қадар сер шудам, ки эҳтимол ба чанд ҳафта кифоя мекунад. Асабам ором, мулоим... абрешимро мемонад. Боз чӣ даркор ба кас? Эҳа-а, биҳишт! Ба хомӯшии саҳни ҳавлӣ ғайр аз шилдироси пасти ҷӯйбор танҳо шибир-шибири баргу навдаҳои дарахти зардолу, овози ғаҳу ноғаҳи мурғони ҳаво ва аҳён-аҳён садоҳои дури кӯдакони деҳа халал меоранд. Ҳамон ҳам баъзан, канда-канда...

Дигар дар қайди сукут аст ҳавлӣ. Фақат якмаром ҷорӣ шудани об ба гӯш мерасад, ки навояш аҷаб форам буда, оромии гирду атрофро гӯё махсус таъкид мекунад. Кошкӣ умри кас доим дар ҳамин гуна манзилҳо гузарад! Хушбахт будааст бародархонди ман Хуросон. Модари меҳрубон дорад; ду писараки нозанин ва ҳамсари басабру таҳаммул дорад. Зодгоҳаш дар ҷигари кӯҳистон, дар миёни боғҳои сабз, дар қади обҳои ширин. Чӣ деҳаи зебост! Шабонгаҳаш чӣ? Танҳо худи осмони нилгунаш чӣ? Ба сатҳи он вусъатобод нигариста, одам беихтиёр гумон мебарад, ки ба як даст дароз кардан метавонад доман-доман ситора чинад.

Ногаҳон аз рӯи ҳавлӣ, аз онбари ҷӯйбори қариби хона, ки оғилу каҳдони буна дар ҳамон ҷо воқеъ аст, ҳангоси хар баланд гардида, ба дунёи сукут дарз меравад. Аммо зуд, аз байн ҳатто панҷ-шаш сония нагузашта, вай аз сари нав барқарор мешавад – маркаб, гӯё касе филҳол ба ҳалқаш таёқ хаста бошад, ҳамон тавре ки ҳанг зада буд, боз ногаҳон дам ба дарун мекашад. Ва баробари ин:

пешина
аз 67
навбатӣ