Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳазорон бор шукр, гаштааст зиндаву саломат.
Дар пат-пати трактораш мурам...

– Гуфтам, ки қаҳрамро нахезон, Суҳайло, – дар пеши гапи ӯ ба таҳдид ламба мезанад Бибирухсора. – Одати маро медонӣ, а!

– Медонам, надониста то кадом гӯр меравам, – ба он чи дар забон овард, зуд андова меронад Суҳайло. – Медонам, ки ачинаҳоят даст диҳанд, тамоми дунёро галагав мекунӣ.

– Аз ёд набар, – форам механдад Бибирухсора. – Агар қиссаи телевизору синҳоратро боз як карат ба даҳон мегирӣ, дигар аз ман хафа нашав.

– Рост мегӯй, дугона. Иштибоҳ... – хаёлолуд тан медиҳад Суҳайло. – Воқеан, баъдтар маълум шуд-ку: он берӯзӣ аслан озорбойҷонӣ будааст. Лекин ному насабаш ба Сӯҳроби мо як...

– Худо умрашро дароз кунад, Сӯҳроби шумо қаҳрамон.

– Қошкӣ аз оши ин хел қаҳрамон мехӯрдам! Ба иштиҳо...

– Ту одам намешавӣ.

– Боз дар бало мондам?

– О вай чӣ, – даҳон ё калӯши даридаи ман?!

– Хайр, ана, калӯш! Шуд акнун?

– Шуд... Фақат бидӯз. Шуста гард, озода пигаҳ дор.

– Намурӣ ту Бибиайбгирак!

Ман, ки аз гуфтугӯи беғаши ин ду зани ҳамсоя, ду зани аз овони кӯдакӣ ба якдигар қарин, ба қавли худи Бибирухсораву Суҳайло, дугонаҳои аз азал ҷамолакӣ ва то ба имрӯз роздону ҳолдон... умуман аз сӯҳбати бештар рамзноки онҳо бидуни ихтиёр хандаам меомад, акнун наметавонам чизе шунавам: як чиғҷиғак дар пуш-

пешина
аз 67
навбатӣ