Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
хоҳад Бибируҳсора.
— Шояд не, айни ҳақиқат. Масалан, порсол Малоҳати худамон чӣ валвала бардошта буд, дар ёд надорӣ?
— Синҳорӣ варо мегӯӣ?
— Бале... Ҳамин ду чашмам дар оинаи телевизор дид, ки Сӯҳробро паронданд, куштанд гуфта, моро чӣ қадар ба бузбозӣ андохт, аз хотират рафт?
— Фаромӯш кардаам, ҳоло худат ба ёдам овардӣ.
— То илоҷе ҷуста, охири охирон аз Душанбе ба воситаи идораҳои дахлдор ба Сургут, ба ҷои кораш занг зада, ниҳоят дараки гумномро ёфтем, ки шири аз модар хӯрдаамон ба даҳон омад. Рустам, бечора шавҳарам, қариб буд ғуссамарг шавад. Худам ҳам... то фаҳмидам, ки Сӯҳробамонро ҳеҷ бало назадааст, даҳ Сӯҳроби дигар зоидам.
— Он вақт, хайр, як иштибоҳ карда буд синҳорат. Лекин дидаву дониста, ё барқасд дурӯғ нагуфтааст. Ба гузашта салавот, — тасаллиомез садо медиҳад овози Бибируҳсора. — Ё чӣ, мегардӣ ҳамин хел каҳи кӯҳнаро бод дода?!
— Боз насиҳат... — андак дағал мегӯяд Суҳайло.
— Ғирболи дастамро мебинӣ?
— Ҳа-айр?
— Қафасааш чӣ қадар бақувват аст, медонӣ, а?
— Ба-аъд? — дарозтар мад мекашад Суҳайло.
— Мезанамат, занак!
— О ман чӣ кори бад кардам?
— Сергапӣ, бева.
— Ҳеҷ сергап нестам. Фақат ҳамон порсола валвалаи Малоҳатро ба хотир овардам. Дигар ин ки, бева — худатӣ. Соҳиби сари ман, Худоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё