Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Кӯтоҳ ҳанг мезанад. Мурғон дар катаки худ бесаранҷом гардида, қут-қут мекунанд, пару бол меафшонанд. Шамшер аз ҷои хобидааш, аз бехи як сутуни айвони дароз оҳиста сар бардошта, хоҳам-нахоҳам ба гирду атроф чашм медавонад; гӯшҳои буридааш лаҳзае ба ҷунбиш омада, гӯё ҷажидан мехоҳад. Вақе яқин ҳавсала накарда, дафъатан фук ба пои сутун мегузорад.

Модари Хуросон ба тавила ду-се навбат якдарзай алаф мебарад. Ва ниҳоят баргашта, дар лаби ҷӯйбор даст мешӯяд; сарандозашро роҳравон ба тартиб оварда, қадамаш беозор, назди мо меояд. Ва яке аз набераҳои хурдиашро, ки ин дам дар айвон давутоз доштанд, бо меҳр дар бағал гирифта, ба хараки қади кат менишинад.
Баъд табассум дар лаб... худро бештар хушҳол вонамуда, ба ҷониби ман менигарад. Озод ва дар айни замон каме мағмум аст нигоҳаш.

– Дар ин вайронаҳои мо зиқ нашудӣ, писарҷон? – самимона мепурсад ӯ.

– Чаро зиқ шавам? – зуд мегӯям ман, даст ба рӯи дил гузошта. – Баръакс, роҳат кардам.

– Ту омадан боз ман ҳам хеле ҷон гирифтам.

– Шояд бетоб будед?

– Тобам дар ҷояш. Фақат ин ки, баъзан ғам мехӯрам. Аз ғурбати Хуросонам, як лахта ҷигарам...

– Чӣ илоҷ, кирдори замона мураккаб шудааст. Тоқат кардан лозим, мегузарад.

– Ҳар чӣ бошад, дили модар ба фарзанд гуфтаанд, ки бесабаб не.

– Ин ҳикматро модари ман ҳам зуд-зуд ба забон меорад.

– Нағз, ки аз ҳоли мо хабар гирифтӣ, писарҷон. Аз қаду басти ту бӯи Хуросон меояд.

пешина
аз 67
навбатӣ