Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
— Боз меояд...
— Набошад, чӣ!
— Хулоса, ту ғайр аз онҳо дигар касеро дӯст намедорӣ?
— Чӣ донам... — ба гунаҳояш андак сурхӣ дамида, китф барҳам мекашад Саъдӣ.
— Худо тавфиқ диҳад.
— Тавфиқаш чӣ?
— Яъне бахтат кушода шавад.
— А-а-а... — ҳамоно меболад Саъдӣ.
Ва мо гаҳе ҷиддиву гоҳ хандон боз як муддат аз ҳар дар сӯҳбат мекунем. Аз касбу кори ман, аз таҳсили ӯ дар мактаб, аз хел-хел бозиҳояш бо бачаҳои деҳа, аз он ки Саъдӣ падарашро, падари чор сол инҷониб дар Саратов мардикори худро пазмон шудааст, ва албатта, тағояш Хуросонро низ... Баъд, ҳар ду писарчайи дӯстрӯяш пеш-пеш, синҳори Бибирухсора омада, ба мо аз волидайнаш салом оварда, зуд ба ошхона мегузарад. Офтоб шабеҳи як кураи мисӣ ниҳоят ба пушти қуллаҳо фурӯ рафта, шафақаш батадриҷ доман мағундорад. Оби ҷӯйбор баландтар садо медиҳад; гӯё оқибат аз банде раҳо ёфта, инак бо шӯру завқ ҷорӣ мегардад.
— Аҷаб, ки дар кӯҳистон пашша нест, — мегӯям ман хаёлманд.
— Ҳавояш тоза, — филҳол ҷавоб мегардонад Саъдӣ.
— Ба илова мӯътадил...
— Обаш ҳам зулол, — мефахрад ӯ.
Чанд дақиқа пас аз дарвозаи ҳар ду табақааш кушодаи ҳавлӣ як модгаву як ғунончин ва панҷ бузу гӯсфанд бемалол даромада, чунон ки аз ёнаву ёлаҳо хаста шудаанд, шитобон сӯи тавила мераванд. Хар аз он тараф – албатта, аз пеши оғил —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё