Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо беҳад хушбахтед, оча. Фарзанди ниҳоят баору номус доред, ки ин гуна давлат ба ҳар кас насиб намекунад. Ман ба ақлу тамизи Хуросон, ба рафтору гуфтораш, умуман ба одамгарии аълояш кайҳо тан додаам. Қариб ду сол мешавад, ки ман ӯро сидқан бародари ҷонӣ медонам.

— Умрат дароз бошад!

— Маро ҳам ба худ фарзанд хонед.

— Кошки!

— Ба кулли тавсифи дунё меарзад Хуросон.

— Дар қадамот мурам...

— Ин хел нагӯед.

— Ба поят хоре нахалад!

— Маро изо надиҳед...

— Охир, ту ҳам акнун барои ман дар қатори Хуросонӣ!

Чун аксар занҳои ҷавони кӯҳистон андак шарм дошта, синҳори Бибирухсора дастархон мекушояд. То ба вай кӯмак кунад, Саъдӣ тохта аз ҷой мехезад. Ба ошхона рафта, чаққон чой меорад, дар лаълӣҳо меваи тар ва ҳар гуна ширинӣ меорад. Шамшер аз бехи сутун ҷудо шуда, дасти чапи қариб дуқаташ ба замин расам-нарасам, пеши кат меояд. Сараш қадре хам, ба тамаъ, аммо тарсомез дум меликонад.

— Ҳозир ба ин ғизо медиҳам, — яқин аз нигоҳи модаркалон рамуз мегирад Саъдӣ ва: — Баҳ-баҳ! — гӯён сагро ба худ пушти хона мебарад, ки одатан шабҳо дар он ҷо баста мемонданд.

— Ҷонвари хуб буд Шамшер, ҳайф шуд, — афсӯс мехӯрад Бибирухсора.

— Ҳайф ҳам гап... — ба раҳм калла мечумбонад Саъдӣ, аз сари нав дар назди мо ҳозир гардида.

пешина
аз 67
навбатӣ