Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Кошқӣ, — гӯё худ ба худ ҷавоб мегардонад Бибирухсора.

— Яъне чӣ? — намефаҳмад Суҳайло.

— Мегӯям, ки кошкӣ умрамон дароз мебуд, — боз ҳам хаёлманд овоз мебарорад ӯ.

— Хотират ҷамъ бошад, дугона. Ҳар рӯз аз Худои карим пурсидан гирем, ахир медиҳад. Надода намемонад.

— Илоҳӣ омин!

Ин дафъа хеле паст меояд овози Бибирухсора. Чунин метобад, ки алағда, ҳатто, аз кадом як ҳодиса бошад, ғамгин аст вай. Агарчи забонаш мегӯяд, фикраш, ҳушу ёдаш дар дуриҳои дур парвоз мекунанд. Ҳақиқатан ҳам пас аз қадре сукут Бибирухсора мепурсад:

— Ба чӣ машғулӣ?

— Об мемонам. Ба юнуҷқа... — ҷавоб мегардонад Суҳайло.

— Ман ҳам пагоҳ юнуҷқаамро об доданиам.

— Хуб мекунӣ. Имсол юнуҷқаи ту нағз шуд. Ин зимистон моли ту аз гулбеда таъмин. Воқеан, чанд бор даравидӣ?

— Ду бор.

— Ба Худо, ки соз. Ман фақат як бор дос кашидам. Дертар кишт кардам магар...

— Қасам хӯрдан чӣ лозим бошад?!

— ...Ҳоло, ана, ба нияти дарави дуюм об мемонам.

Маълум аст, ки вай ба ягон кинояи ҳамсояаш ҷиддан эътибор намедиҳад. Ва дар ҳамин ҷо сухани онҳо қатъ гардида, ду-се дақиқа хомӯшӣ ба миён меояд. Ҳис мекунам, ки рағбатам ҳоло бедор, ман беихтиёр гӯш ба қимор шудаам.

— Аз гапи дунё хабар дорӣ? — ниҳоят мепурсад Бибирухсора.

пешина
аз 67
навбатӣ