Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

— Марҳамат, гиред, мана ин бӯғча духтари хурдии подшоҳи париён.

Моҳигир бӯғчаро гирифта, оварда ба Малика дод. Малика ба моҳигир гуфт:

— Инро вақти саҳар ба ҳамон ҷое бурда мепартой, ки бояд қаср бисозӣ. Пас аз партофтан ба қафоят нигоҳ накарда баргард. Як қасри беҳамто бунёд мешавад. Баъд рост ба арки подшоҳ раву қасрро нишон бидеҳ. Қасрро подшоҳ қабул мекунад, ҳангоми ба зинаи дуюм баромадан як зина намерасад. Подшоҳ ба ту мегӯяд, ки «як зина намерасад-ку», ту гӯй, ки «вақт кам буд, инашро устоҳои худатон ҳам месохтагистанд».

Моҳигир бӯғчаро гирифта бурду ба ҳамон рӯ ба рӯи қасри подшоҳ партофт.

Рӯзи чилум подшоҳ аз хоб бедор шуду ба берун нигоҳ кард ва ҳайрон шуд. Ҳайрон шуд, ки ҳар рӯз офтоб аз Шарқ мебаромад, имрӯз аз Ғарб. Нури офтоб ба арк мезанаду шуълаи вай ба чашми подшоҳ. Ҳама дар ҳайрат буданд. Подшоҳ гуфт:

— Равед, хабар гиред, ки ин чӣ гап, ҳар рӯз офтоб аз тарафи Шарқ мебаромад, имрӯз аз тарафи Ғарб баромадаст.

Хизматгорон омаданду гуфтанд:

— Эй подшоҳи олам, ҳамон қасре, ки шумо фармудед тайёр шудааст. Вай моҳигир мегӯяд, ки подшоҳ қасрро қабул кунад.

Подшоҳ ҳамроҳи вазиру вузаро ва моҳигир қасрро давр заданд, ҳама ҳайрон монданд. Бисёр қасри зебою назаррабо, як хишт аз тиллову як хишт аз нуқра. Нақшу нигори деворҳо сангҳои қиматбаҳо, ҷавоҳирот, лаъл, ёқут ҳамаш ҳайра-

пешина
аз 264
навбатӣ