Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Умрам тамом шуд. Подшоҳ ба ман фармуд, ки қасри тиллоӣ соз.
Малика як табассум карду гуфт:
– Ғам нахӯр, ғусса мадор. Чанд рӯз муҳлат гирифтӣ?
– Чил рӯз.
– Барои ман ин кор саҳл аст. Гирди ғаму ғусса нагард.
Аз ин мобайн сию нӯҳ рӯз гузашт. Моҳигир бо тарсу ҳаяҷон ба пеши Малика омад. Малика гуфт:
– Эй моҳигир, аз он ҷое, ки маро ба шаст гирифтӣ, ба ҳамон ҷо рав. Ба соҳили дарё наздик шаву бо овози баланд «Харбарзангӣ!» гуфта дод зан. Ҳамон дам аз даруни дарё касе мебарояд. Ба ӯ гӯй, ки маро духтари хурдии подшоҳи париҳо равон кард; ба ман ҳамон бӯғчаи духтари хурдии подшоҳро диҳед, то ман ба ӯ барам.
Баъд моҳигир рафт ба ҳамон ҷое, ки ин Малика ба шасташ афтода буд. Омаду бо овози баланд «Хар-бар-зан-гииии!» гуфта, садо баровард. Дар ҳамон замон як махлуқи хеле бадҳайбати азимҷусса «лаббай!» гуфта баромад. Баробари шунидани овози Харбарзангӣ дунё ларзиду моҳигири бечора беҳуш шуд. Харбарзангӣ ба рӯи вай об пуф кард, ки ба ҳуш омад. Пурсид:
– Ман Харбарзангӣ ҳастам, чӣ хизмат?
Моҳигир гуфт:
– Маро духтари хурдии подшоҳи париён равон кард. Бухчешонро медодед.
– Итоат, ҳозир – гуфту ба об рафт. Баъд аз андак вақт бӯғчаро бароварда доду гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё