Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Даромада ҳайрон монд. Ҳайрон монд, ки ҳавлии норӯфта, рӯфтагӣ, чизҳои чиркин, тозаву озода.

Ба хона даромад, ки ҳамаи либосҳо, кӯрпачаҳо шуста, ҷо ба ҷо карда мондагӣ. Дар ҳайрат шуд, ки инро кӣ карда бошад? Кунҷковиаш омаду ба ин тарафу он тараф нигоҳ карду ба машомаш бӯи хуши хӯрок омад. Ба ошхона даромада дид, ки таомҳои гуногун пухта мондагӣ. Аз таомҳо хӯрд, ки бисёр лазиз аст. Ба ҳар гӯша, ин тараф, он тараф нигарист, ки касе нест.

Тамоми шаб дар ҳайрат монд, ки ин кори кӣ бошад? Бо сад андеша рӯзи дигар ҳам ба моҳигирӣ рафт. Бегоҳ шуд. Вақти говгум ба хона омад, ки боз ҳама ҷо рӯфтагӣ, тоза кардагию таомҳои бисёр лазиз пухта мондагӣ. Имшаб ҳам мисли шаби гузашта гузашт, бисёр хушҳолу димогаш чоқ шуд.

Ин дафъа пагоҳӣ хесту ба ҳар тараф назар карду худаш ба худаш овоз дод: «ман рафтам» гуфту аз дарвоза баромаду ба як ҷой пинҳон шуд. Нигоҳ карда истод, ки «канӣ, ин корҳоро: рӯфтану тоза кардану таом пухтанро кӣ мекарда бошад?». Оҳиста аз қафои хона ба болои бом баромад. Дар як гӯша пинҳон истоду ба ҳар тарафи ҳавлӣ чашм андохт. Нигоҳ кард, ки аз даруни ҳамон ҳавзча, ҳамон моҳии тиллоӣ як чарх зада, ба мисли як духтари зебою Маликаи моҳлиқо ба берун баромад. Ҷорӯбро гирифта ҳама ҷои ҳавлиро об зада рӯфт. Замоне ки хонаро мерӯфт, ҷавон аз бом худашро партофту фуромад. Ин Малика моҳигирро дида, гуфт:

– Бисёр саросема шудӣ, чанд рӯз сабр мекардӣ беҳтар буд.

пешина
аз 264
навбатӣ