Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
МОҲИГИР, МОҲИИ
ТИЛЛО ВА ПОДШОҲ
Буд, набуд, як моҳигири пир буд. Занаш мурда буд. Фақат як писар дошт. Ҳар рӯз бо писараш ба лаби дарё рафта моҳӣ мегирифт. Писараш касби падарашро ёд гирифт.
Рӯзе моҳигир беҳолу бемадор баргашт. Бемор шуд. Ҳис кард, ки дигар охири умраш аст. Ба писараш васият кард, ки касби ӯро хор накунад, моҳигириро давом диҳад. Моҳигир аз дунё гузашт, писараш танҳо монд. Писар падарашро гӯру чӯб кард. Баъд мувофиқи васияти падар рафт ба лаби дарё барои моҳигирӣ.
Шасташро ба дарё партофт, вале кораш барор нагирифт. То бегоҳӣ як дона моҳӣ ҳам ба шасташ наёмамад. Наздики шом буд, ки бахташ омад кард.
Як моҳие ба шасташ афтод. Моҳиро гирифта дид, ки бисёр зебост, тиллоӣ, рангоранг. Мафтуни вай шуд, накушт. Худ ба худ гуфт: «ин моҳиро мебарам ба хона, ман касе надорам, танҳо ҳастам.
Як ҳавзча меканаму об пур карда, вайро дар он ҷо мемонам. Тамошо карда аз зебоияш лаззат мебарам».
Ба ҳавлӣ омад, як ҳавзча канд, об пур кард, дар
ҳамон ҳавзча моҳиро сар дод. Рӯзи дуюм боз рафт
барои моҳигирӣ. Аз лаби дарё баргашту ба ҳавлӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё